logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳоким Амон. Ин шахси наҷиб ба кулли омӯзгорони ноҳияи Кӯшониён шиносу муътабар аст. Вай марде буд тору пудаш сиришта аз некиву накукорӣ. Маъракаоро, хушсуҳбат,  бар замми хушчақчақӣ, ширингуфторӣ, чарбзабонӣ кӯшиш менамуд, ки ба атрофиён аз андарзҳои ниёгонамон вобаста ба ҳолату рӯҳия ва кайфияти мусоҳибон пандҳои судманд бидиҳад.

Омӯзгор Ҳоким Амонро аз солҳои ҳафтодуми асри ХХ хеле хуб мешиносам. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 фаъолият доштем. Устод на танҳо омӯзгори пешқадам ва навҷӯ, инчунин, ровии хушсадо, ҳунарманди мумтоз ва деҳқони асил ҳам буд. Чӣ тавре ки мегӯянд, аз даҳ ангушташ ҳунар мерехт. Ба корафтодагон коромӯз буд ва бо маслиҳатҳои судмандаш онҳоро хушнуд мекард. Дар мактаб ба шогирдон аз таърих сабақ медод. Шогирдонаш ҳар сол дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро сазовор мегаштанд. Аз соли 1975 ҳар сол аз рӯи асари безаволи «Тоҷикон» - и аллома Бобоҷон Ғафуров конфронс созмон медод. Ба ин васила, хонандагон бо таърихи куҳани миллати хеш шинос шуда, ҳисси ватандӯстии худро баланд мебардоштанд.
Як лаҳза ҳеҷ аз ёди мардуми Кӯшониён намеравад. 1100 – солагии таъсиси давлати Сомониён таҷлил мешуд. Мактаби мо намоиши театрикунондашудаи лаҳзаи ба сари қудрат омадани шоҳ Исмоили Сомониро бояд нишон медоду шоҳ Исмоили Сомонӣ савори аспи сапед бо шаҳомати бузург аз назди минбар мегузашт. Устод Ҳоким Амон суханони Исмоили Сомониро аз ёд карда, ба саҳна мувофиқ карда буд. Танҳо дарёфти аспи сапед ҳал ношуда монд. Ӯ ба кӯҳи Тераклӣ рафта, аз як шиноси чӯпонаш чунин аспро пайдо намуд. Рӯзи намоиш аспсавор бо суханони мутантан, либосҳои шоҳона, тоҷ бар сар аз назди минбар гузаштани ӯ дар нақши шоҳ Исмоили Сомонӣ то ҳол аз ёди мардум зудуда нагардидааст. Ин лаҳзаро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуда буданд.
Муаллим Ҳоким Амон шогирдони зиёдеро тарбия намуда ба камол расондааст. Дар ҳар мактаби ноҳия дастпарваронаш аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегӯянд. Хабари даргузашти ҳамкори азизамон мо – омӯзгорону шогирдонро сахт андуҳгин ва мутаассир намуд. Танҳо худро бо он тасалло дода мегуфтем, ки умри устод Ҳоким Амон зоеъ нарафт. Ӯ бо накуномиву росткорӣ, ёрӣ ба ашхоси эҳтиёҷманд, таълиму тарбияи ҳамида дар қалби шогирдон, ҳамкасбон, ҳамдеҳагон то абад ҷовид хоҳад монд. Ба қавли шайх Саъдӣ:
Номи неку гар бимонад з-одамӣ,
Беҳ, к-аз ӯ монад саройи зарнисор.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
Ҳ. ҲОҶӢ, омӯзгори собиқадори МТМУ № 1,
ноҳияи Кӯшониён


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2020    №: 95    Мутолиа карданд: 590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед