ҳуқуқ
ВАТАН. ҲИФЗИ САРҲАД ҲИФЗИ МИЛЛАТ АСТ
Амнияту оромии ҳар халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин амр пайваста тадбирҳои муайяну мушаххас меандешад. Аз ҷумла, сол ба сол дар доираи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо техникаву таҷҳизоти махсуси сарҳадбонӣ таъмин ва шароити хидмати марзбонон беҳтару хубтар мегардад.
Ҳифзи сарҳад ва таҳкими фаъолияти неруҳои марзбонӣ аз ибтидо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳунӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ташкил ва таъсиси сохтори марзбонии кишвар ба миён омада буд. Дар зимн, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992, № 981 дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бригадаи таъйиноти махсуси марзбонӣ ташкил гардид. Баъдан бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ аз 28 декабри соли 1992 дар ҳайати кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис ёфт.
Минбаъд барои фаъолияти мунтазами ин ниҳод санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (10 августи соли 1997), «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 марти соли 2005) қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Тавре дар моддаи 1 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: Қӯшунҳои сарҳадӣ – намуди махсуси қӯшунҳоеанд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ таъйин шудаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ин вазифаи муқаддасро марзбонони тоҷик бо сарбаландӣ ба ҷо оварда истодаанд. Тӯли ин солҳо сарҳадбонони шуҷои тоҷик нишон доданд, ки дар муқобили ҳамагуна хатарҳо усувор ва дар ҳифзи сарҳади давлатӣ аз ҳеҷ як неруи дигар кам нестанд, балки бартарӣ доранд.
Бешак, тавре коршиносони умури низомӣ эътироф мекунанд, имрӯз сарҳадбонони тоҷик сипари тавоное ба шумор мераванд, ки на танҳо дар ҳифзи марзи кишвари худ камар бастаанд, балки бо хидмати содиқонаи худ оромии дигар кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро низ таъмин месозанд. Зеро маҳз сарбозону афсарони далери мо девори мустаҳкаме сохтаанд, ки то кунун имкон надодааст, то таҳдидҳои эҳтимолӣ ва гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистони ҳамсоя ба минтақа роҳ ёбанд.
Аъзам МӮСОЕВ,
Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ,
дараҷаи якум
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2020 №: 95 Мутолиа карданд: 877