logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ  ф а р м о н  м е д и ҳ а м:
1) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
3)   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) идораҳои зерини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад:
- Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии таъминоти амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
б) дар мӯҳлати се моҳ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба ҳамин Фармон мутобиқ намояд;
в) масъалаҳоеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва моддии мақомоти давлатии зикргардидаро ҳал намояд;
г) ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вогузор намояд.
4) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) дар банди 3:
- аз сархати ҳафтум калимаҳои «ҳамчунин вазифаҳои собиқ Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ» хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои ҳаштум  ва шонздаҳум хориҷ карда шаванд.
б) дар сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 ноябри соли 2006 № 9 тасдиқ шудааст:
- дар банди 1 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз банди 4 сархати дуюм хориҷ карда шуда, ба он сархати нав  бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- дар банди 5 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз банди 5 сархати нӯҳум хориҷ карда шуда, ба он сархатҳои нав  бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
«Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
«Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 9 марти соли 2010, № 832


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4012
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед