logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ, шаҳри Душанбе, 20 майи соли 2020

Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ!
Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.
Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абуалӣ ибни Сино, Абубакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расондаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳамияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд. Бахусус, хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, вай дар замонаш на танҳо барои мардуми худ, балки ба аксари қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод, дасти мадад дароз кардааст.
Ҳакими бузург, инчунин, барои шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз вабоҳои шадид халос намудааст. Табиби ҳозиқ дар вазнинтарин ҳолатҳо ба мардум муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки «воҳима худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ҳаст». Чунин андешаҳои ӯ имрӯз низ аз манфиат холӣ набуда, ҳамватанони азизи мо ва табибон метавонанд аз он истифода намоянд.
Зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намуд. Вале, хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста-оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд. Аммо барои аҳолии кишварҳое, ки дертар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо то расидан ба авҷи беморӣ ва, баъдан, коҳишёбии он фурсати муайян лозим аст.
Аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвари мо низ сироятёбӣ ба ин беморӣ расман ба қайд гирифта шуд, ки дар ин бора Сарвазири мамлакат, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе муфассал гузориш медиҳанд.
Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд.
Табибони мо дар ташвиқи усулҳои пешгирии ин бемории сироятӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, тавассути телевизиону радио ва дар тамоми маҳалҳои зисти сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро сари вақт оғоз карданд ва варақаҳои тавсиявӣ чоп карда, миёни аҳолӣ паҳн намуданд. Чунин корҳои ташвиқотӣ имкон доданд, ки шаҳрвандони кишвар аз оқибатҳои даҳшатбори ин беморӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоянд ва дар фикри ҳифзи саломатии худ бошанд.
Бинобар ин, аз номи Ҳукумати мамлакат, шахсан аз номи худ ба ҳамаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба шаҳрвандони кишвар дармон бахшида истодаанд, изҳори ташаккур намуда, ба ҳар кадомашон, пеш аз ҳама, тани сиҳат ва барори кор мехоҳам. Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, ҳолатҳои фавт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз бемориҳои илтиҳоби шуш 0,2, сил 10,2, саратон қариб 37 ва вируси норасоии масунияти одам 17,4 фоиз кам мебошанд.
Мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро ба роҳ монда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявиро таъсис додем. Инчунин, ҷиҳати расондани кумаку дастгирӣ, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дода шуд. Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда мо тавонистем муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро нигоҳ дорем. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.
Ғайр аз ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти бонизоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маводи ғизоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои хариди таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд ва истифодаи онҳо таҳти назорат қарор дорад. Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст. То имрӯз ба суратҳисоби мазкур 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидшуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятшуда дастрас карда шуда истодааст.
Вақтҳои охир ман борҳо дар муроҷиатҳои худ ба сокинони мамлакат доир ба вазнин будани оқибатҳои ин бемории сироятӣ изҳори назар карда будам. Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс, аз хурд то бузург, бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд ва худро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин дорад.
Бовар дорам, ки шаҳрвандони мамлакат ин меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.
Дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти ситодро ҷиҳати пешгирӣ кардан ва пурра аз байн бурдани ин беморӣ ҷоннок карда, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намояд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои фаврӣ андешад.
Ба Сарвазири мамлакат супориш дода мешавад, ки аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор намояд. Ғайр аз ин, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ дар мамлакат тадбирҳои иловагии зерин бояд татбиқ карда шаванд:
1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои таъмин намудани онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ тадбирҳои фаврӣ андешад ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ, ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа, саривақтӣ гузориш пешниҳод намояд. Таъкид месозам, ки ҳоло аз лиҳози таъминот ягон мушкилӣ нест ва зарур аст, ки дар муассисаҳои тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки:
- барои омода кардани табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис диҳад;
- таъминот бо доруворӣ, либосҳои муҳофизат ва маводи зиддивирусиро дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро ҳар рӯз бо Ситоди ҷумҳуриявӣ мувофиқа созад;
- табобати шахсонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш нестанд, тавассути духтурони оилавӣ дар хонаҳо ба роҳ монда, хизматрасонӣ ва раванди табобати онҳоро қатъӣ назорат намояд;
- барои риояи қоидаҳои беҳдоштии ҳар як сокини мамлакат варақаҳои тавсиявиро паҳн намояд ва корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути табибону мутахассисон ҷоннок гардонад;
- дар раванди пешгирӣ кардан ва табобати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус, зарур аст, ки ба масъалаи ҷалби равоншиносон барои ба мардум фаҳмондани масъалаҳои вобаста ба риояи оромӣ, тартибу низом, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва таркиби ғизои истеъмолшавандаву тарзи ҳаёти солим эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад;
- аз ҳисоби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода, сабабу оқибатҳои ин бемориро муайян намояд ва ҷиҳати амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешад;
- бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук намудани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фарматсевтӣ» чораҷӯӣ намояд;
- якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, ҳарчи зудтар ба роҳ монад;
- марказҳои солимгардонӣ ва дигар марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намояд, ки фаъолияташонро дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ пурзӯр гардонанд;
- бо ҷалби олимон ва табибону мутахассисони баландихтисос тавассути шабакаҳои телевизиону радиои марказиву маҳаллӣ мунтазам барномаҳо ташкил карда, фаҳмондани қоидаҳои беҳдоштиву тозагӣ, тарзи пешгирӣ ва табобати бемориҳо бо забони одӣ ва ба мардум фаҳмо идома дода шавад;
- Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Академияи миллии илмҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав барномаи давлатии ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, инчунин, дар истеҳолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизатро таҳия карда, дар давоми ду моҳ пешниҳод намоянд.
2. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба сатҳу сифати дорувории воридшаванда диққати аввалиндараҷа дода, ворид шудани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузаштаро пешгирӣ кунанд.
3. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат кумакҳои моддӣ ва маънавӣ расонанд ва беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои табобатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро бо доруворӣ, таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва маводи ғизоӣ таъмин намоянд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар се рӯз ба Ситоди ҷумҳуриявӣ гузориш диҳанд.
4. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷиҳати таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории COVID – 19, дар ҳайати табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, кимиёдонҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо Шӯрои байниидоравӣ таъсис дода шавад.
5. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо олимони соҳаи тиб ва табиатшиносӣ истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқобҳо ва либосҳои безараргардониву санитариро ба таври фаврӣ зиёд намояд ва дар ҳар як ҷаласаи ситод доир ба корҳои анҷомдодашуда гузориш диҳад. Дар баробари ин, механизми таъсиси корхонаҳои хурди давлатиро оид ба истеҳсол ва таъмин кардани беморхонаву марказҳои тиббӣ бо оксигени тоза омӯхта, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳоди мушаххас манзур намояд.
6. Роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббие, ки дар онҳо гирифторшудагони ин беморӣ табобат мегиранд ё таҳти назорати табибон дар карантин ҳастанд, хароҷоту истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудошуда, инчунин, кумакҳоеро, ки аз ҷониби кишварҳои дӯст ва шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватандӯст ва дигар ашхоси хайрхоҳу саховатманд расонда шудаанд, таъмин намоянд. Ситоди ҷумҳуриявӣ якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
7. Ба роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб супориши қатъӣ дода мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона муносибат карда, хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, нагузоранд, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад. Онҳо бояд ба савганди касбии худ содиқ бошанд, садоқати худро дар чунин лаҳзаҳои барои давлату мардуми кишвар душвор исбот намоянд ва фаромӯш насозанд, ки табиб бояд бо беморон муомилаи хуб дошта бошад. Чунки як шарти муҳими табобат забони ширини табиб аст. Мо ба заҳмати шабонарӯзии табибон арҷ мегузорем ва онҳоро, албатта, қадр мекунем.
8. Тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои дорусозӣ, дорухонаҳо ва ширкатҳое, ки ба кишвар маводи доруворӣ ворид менамоянд, ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаронда шуда, талаботи аҳолии мамлакат бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоту ашёи тиббӣ сари вақт таъмин карда шавад. Вазъияти баамаломада бори дигар андешаву таъкидҳои дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар зикргардидаро исбот намуд.
Яъне, табиати Тоҷикистон тамоми намуди гиёҳҳои шифобахш ва барои саноати дорусозӣ заруриро ба мо ройгон додааст, вале то ҳол мо корхонаҳои дорусозие надорем, ки дар шароити баста будани марзҳо ва манъи рафтуомад бо кишварҳои хориҷӣ талаботи мардумро қонеъ намоянд. Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро таҳия карда, дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
9. Тавре мутахассисони соҳаи тиб, бахусус равоншиносон, медонанд, тарс ва воҳима барангезандаи асосии аксар бемориҳои рӯҳӣ буда, инсон дар натиҷаи таҳлука ва ҳаяҷони шадид метавонад ба бемориҳое мубтало гардад, ки оқибатҳои онҳо аз вируси нав вазнинтаранд. Ба гурӯҳи чунин бемориҳо диабети қанд, саратон, бемориҳои қалб, гепатит ва баъзе бемориҳои дигар дохил мешаванд. Ҳар як шахс бояд дар мавриди эҳсоси нороҳатӣ ва пайдоиши нишонаҳои беморӣ бидуни тарс ба табибон муроҷиат намояд, то ин ки табобати он ҳарчи зудтар оғоз карда шавад.
Мо бояд бовар дошта бошем, ки бемории коронавирус дар сурати набудани дигар бемориҳое, ки ҳолатҳои вазнинкунандаро пеш меоранд, табобатшаванда мебошад.
10. Мехоҳам як нуқтаи муҳимро такроран таъкид намоям. Пайдоиш ва дар саросари олам бо суръати тез паҳн гардидани ин беморӣ аксари кишварҳои мутараққӣ ва аз лиҳози технологӣ пешрафтаву дорои иқтидори бузурги саноати дорусозиро дар ҳолати ногувор ва саргумӣ қарор дод.
Чунин вазъ барои мо сабақ мебошад ва мову шуморо водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони кишварҳои пешрафта диққати аввалиндараҷа диҳем ва дар наздиктарин фурсат доир ба рушди саноати дорусозии кишвар тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешем. Зеро дар чунин шароити вазнину ҳассос касе дар фикри касе нест ва табиист, ки дар чунин ҳолатҳо ҳар як кишвар бо ҳалли мушкилоти худаш банд мешавад.
Тавре ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, тағйирёбии иқлими сайёра ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани фалокатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла обхезӣ, хушксолӣ, фуромадани ярч, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун шуда истодаанд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемории коронавирус низ ҳамин омилҳо ба шумор мераванд. Бинобар ин, эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани тозагии экологӣ вазифаи муҳимтарини тамоми инсоният, аз ҷумла мардуми мо, мебошад.
11. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ дода мешавад, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.
Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро мегирем ва барои ҳамватанонамон фазои мусоиди орому осударо муҳайё намуда, ба корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем.
Ҳамчунин, мехоҳам сипоси худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон баён намоям, зеро мебинам, ки сокинони мамлакат аз пойтахт сар карда, тавсияҳои табибону мутахассисонро риоя карда истодаанд.
Дар ҳоле, ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад. Бори дигар таъкид мекунам, ки саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад.
Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем.
Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрӯз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад.
Мардуми тоҷик, ҳатто, дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин баробар вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд. Ҳамчунин, бо итминон изҳор менамоям, ки табибони мо аз уҳдаи ҳалли душвортарин масъалаҳо мебароянд ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ ва табобати он низ бо камоли масъулият ва эҳсоси гарми инсондӯстӣ ғолиб мебароянд.
Дар охир ба ҳамаи шумо – табибон ва ҳамшираҳои шафқат барори кор орзу менамоям. Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост. Мо ҳама якҷо дар ин мубориза ҳатман дастболо мешавем ва солимии мардуми кишварамонро таъмин мекунем.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2020    №: 96    Мутолиа карданд: 2135
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед