logo

фарҳанг

27 СОЛ. ВАҚТЕ ИНСОН КАСБАШРО ДӮСТ МЕДОРАД...

Мо бо Неъматулло Шарофов дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия, аниқтараш, дар ҳуҷраи кориаш вохӯрдем. Ӯ бо як самимияти хос моро пешвоз гирифт. Дар чеҳрааш ҳушҳолиро дидем ва сабабашро пурсон гаштем.

- Хурсандиам сабаб дорад, - ба нақл оғоз намуд ҳамсуҳбатамон. -  Зани бемореро, ки дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дошт, наздикону пайвандонаш аз зинда мондани ӯ умедашонро канда буданд, ҷарроҳӣ намудем. Дар гурдаи ӯ баробари тухми кабутар санге буд. Ҷарроҳӣ чор - панҷ соат давом карда бошад ҳам, шукри Худо, бомуваффақият анҷом ёфт. Фарзандону хешу ақрабояш аз зинда мондани ин модар ашки шодӣ мерехтанд. Шодиву тараби онҳо ҳеҷ аз пеши назарам дур намешавад. Ҳазорон бор шукр мегӯям, ки бо ин пеша баҳри ҳифзи саломатии миллати азизам саҳми хоксорона мегузорам...
Неъматулло Шарофов 4 марти соли 1968 дар шаҳраки Муъминобод дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Меҳри табиб шудан дар қалби ӯ ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна тавлид шуд. Ҳамин тавр, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурда, пас аз як соли таҳсил ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС рафта, 2 сол хизмати Ватан – Модарро сарбаландона адо намуд ва пас аз бозгашт боз таҳсилро дар донишгоҳи мазкур идома бахшид. Соли 1993 баъди омӯхтани касби пурифтихори дармонбахшӣ, ба ҳайси ҷарроҳ дар маркази саломатии ноҳия ба кор даромад ва то имрӯз бо ин муассиса содиқ монд. Ӯ дар ин даргоҳ вазифаҳои гуногуну пурмасъулиятрро бар душ дошту бовуҷуди серкорӣ пайваста ба омӯзиши навгониҳои соҳа машғул мешуд. Неъматулло Шарофов дар баробари хатми зинаи ординатураи Донишгоҳи тиббии мамлакат таҷрибаю малкаи зиёд андӯхтааст. Ҳоло вай устоди кори хеш мебошад.
Дар 27 соли фаъолияти табибӣ Неъматулло зиёда аз 1000 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом додааст. “Аз ҳама хотирмонаш ҷарроҳии талхадони зане буд, ки аз он 272 санг гирифтем. Хушбахтона, он зан шифо ёфту ба назди фарзандонаш сиҳат баргашт”, - иброз медорад ӯ.
Хизматҳои Неъматулло бо мукофоту сипосномаҳои зиёд қадр гаштааст. “Лекин барои ман аз ҳама мукофоти пурарзиш ихлос, қадрдонӣ ва меҳру муҳаббати мардум, иззату икроми онҳост”, -  мегӯяд ҳамсуҳбатамон.

Исмоил ҶАБИНЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2020    №: 96    Мутолиа карданд: 699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед