logo

ҳуқуқ

ҲАЛНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ Ё ЧАНД СУОЛИ БЕПОСУХ!

Сокини шаҳри Душанбе Рано Бурханова дар номае ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳалли масъалаеро, ки вобаста ба баҳси қитъаи замин ва манзили истиқоматӣ дар асоси ваколатнома сурат гирифтааст, ноодилона арзёбӣ карда, қарору таъйиноти судии вобаста ба онро қонунӣ намедонад.

Омӯзиши номаи шикоятии муаллиф ба идораи рӯзнома, ки чанде қабл ворид шуда буд,  нишон дод, ки Рано Бурханова бо шаҳрванд Абдулло Эшназаров, зодаи шаҳри Турсунзода, 2 декабри соли 2003 ақди никоҳ баста, онро дар мақомоти САҲШ расман сабт намудаанд. Шавҳараш соли 2004 ба Федератсияи Россия рафтаву ӯ дар Душанбе мондааст.
Бино ба нақли Р. Бурханова онҳо соҳиби ду фарзанд буда, дар шаҳри Турсунзода соҳиби қитъаи замин ва манзили нимсохт дар он буданд, ки бо қарори Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Турсунзода ба шавҳараш Абдулло Эшназаров вобаста шудааст. Вале чун шавҳар ба Россия рафту то ҳол барнагаштааст дар ин байн вазъи печидае ба миён омадааст, ки боиси саргардонии ин шаҳрванд гардидааст.
Моҳи апрели соли 2017 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои ба номи худаш сабт намудани қитъаи замин ва манзили истиқоматӣ муроҷиат намуд. Ба ӯ посух доданд, ки ин хона 22 октябри соли 2016 ба шаҳрванд Н. Қурбоналиев фурӯхта шудааст.
Маълум гардид, ки духтари шавҳараш - Сайёра Шукурова (аз ҳамсари пешинааш) дар асоси нусхаи ваколатнома, ки гӯё падараш тавассути нотариуси шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз 17 марти соли 2015 додааст, хонаро фурӯхтааст. Аммо, Рано Бурханова иддао дорад, ки шавҳари ӯ Абдулло Эшназаров аст ва дар ягон ҳуҷҷат номи падари ӯ - Эшназарович сабт нашудааст, ки дар идома оид ба ин масъала маълумоти бештар медиҳем.
Рано Бурханова дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки моҳи сентябри соли 2016 ба Суди шаҳри Турсунзода оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ муроҷиат намуд ва моҳи декабри соли 2017 суд аризаи ӯро қонеъ гардонд. Зеро ба боварӣ вай, ваколатномае, ки манзили ӯ дар асоси он фурӯхта шудааст, ғайриқонунист. Чунки ваколатномаи аслӣ умуман вуҷуд надорад ва тибқи қонун дар сурати мавҷуд набудани ваколатномаи аслӣ С. Шукурова на танҳо худ ҳуқуқ надорад, дар мурофиаи судӣ иштирок намояд, балки дар асоси нусхаи ваколатнома ба дигар кас додани ваколатнома аз доираи салоҳияташ берун аст. С. Шукурова дидаву дониста ба чунин амали ғайриқонунӣ даст задааст, - таъкид кард Р. Бурханова. Гузашта аз ин, бо чунин ваколатномаҳои ғайриқонунӣ аризаҳои даъвогӣ нисбат ба бекор кардани ақди никоҳи Р. Бурханова бо А. Эшназаров ва тақсими молу мулк аз ҷониби шахсони алоҳида расидааст, ки боиси ҳайрати ин шаҳрванд гардидааст. Зеро ба қавли ӯ, қонун танҳо ба шавҳараш барои анҷоми чунин коре иҷозат медиҳад на шахсони дигар ва на дар асоси санади шубҳанок. 
Омӯзиши санад ва ҳуҷҷатҳое, ки Р. Бурханова зимни муроҷиат ба «Ҷумҳурият» бо худ овард, нишон медиҳанд, ки шахсияти Эшназаров Абдулло Эшназарович дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта  нашудааст ва ӯ шаҳрванди Федератсияи Россия буда, сокини вилояти Тамбови ноҳияи Сампур, деҳаи Садовая, кӯчаи Магистралная 67 мебошад. Абдулло Эшназаров бошад, шавҳари Рано Бурханова, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи деҳаи Ташкалоки шаҳри Турсунзода мебошад, ки ин ду шахс айният надоранд. Ин далелро суди ноҳияи Шоҳмансур дар пайи даъвои Р. Бурханова бо судури ҳалномае аз 15 апрели соли 2016 тасдиқ кардааст.
Рано Бурханова дар асоси ҳамин ҳалнома 9 ноябри соли 2017 дигарбора ба суди шаҳри Турсунзода бо аризаи даъвогӣ муроҷиат карда, талаб сохт, ки ваколатномаҳо беэътибор дониста шаванд. Аммо, аризаи ӯ зарфи ду сол бо сабаби ба мурофиаи судӣ наомадани ҷавобгар бе баррасӣ мононда шуд. Ҳамсуҳбати мо сабаби чунин кашолкории суд ва ба мурофиа ҳозир нашудани ҷавобгарро дар мавҷуд набудани нусхаи аслии ваколатнома арзёбӣ кард. Вале дар ниҳоят суди шаҳри Турсунзода  аризаи даъвогии Рано Бурхановаро нисбат ба Сайёра Шукурова, шахси сеюм Идораи нотариалии давлатии шаҳри Турсунзода дар бораи беэътибор донистани ваколатномаро рад кард. Ҳол он ки нусхаи асли ваколатнома аз ҷониби ҳеҷ як иштирокчии баҳси судӣ ба суд пешниҳод нашудааст.
Дар идома ин моҷаро то ба сатҳи Суди Олӣ рафт ва Рано Бурханова аз рӯи ин ҳалнома 19 августи соли 2019 шикояти кассатсионӣ навишт. Вале марҳилаи кассатсионӣ ҳам ин баҳсро нуқта нагузошт  ва ҳалномаи суди шаҳри Турсунзода бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шуд.
Ақди никоҳи Рано Бурханова бо Абдулло Эшназаровро дар ҳоле бекор ва молу мулкашон бегона карда шудааст, ки ба шаҳодати худи Р. Бурханова аз соли 2016 ба ин сӯ аз шавҳараш дараке нест ва ӯ дар ин бора ба мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ҷиҳати эълон намудани кофтуков дархост ирсол намудааст.
Зимни таҳқиқи маводе, ки Р. Бурханова дар ин бора ба ихтиёри рӯзнома гузошт, саволҳои норӯшане ба миён омад. Аз ин рӯ, мо дар нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарияти Суди Олӣ ин масъаларо матраҳ кардем. Роҳбарияти Суди Олӣ итминон доданд, ки масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Тавре Р. Бурханова иқрор кард, воқеан Суди Олӣ ба баррасии дигарбораи ин баҳс рӯ овард. Аммо, кор бенатиҷа анҷом шудааст.
Ҳоло Рано Бурханова дунболи посух пайдо кардан ба ин саволҳост:
Чаро суд тавассути мақомоти дахлдор шахсияти Эшназаров Абдулло Эшназарович, шаҳрванди Федератсияи Россия, сокини вилояти Тамбови ноҳияи Сампур, деҳаи Садовая, кӯчаи Магистралная 67, ки ба Сайёра Шукурова ваколатнома додааст, муайян накард?
Агар номбурда сокини вилояти Тамбов бошад, пас чаро ваколатнома на аз Тамбов, балки аз шаҳри Москва бидуни нишони муайяни нотариати давлатӣ фиристода шудааст?
Чаро ваҷҳи ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 15 апрели соли 2016 дар бораи айният надоштани шахсияти Эшназаров Абдулло Эшназарович бо Эшназаров Абдулло аз ҷониби марҳилаҳои дигари судӣ дақиқан мавриди омӯзиш ва ба инобат гирифта нашуд?
Чаро Сайёра Шукурова нусхаи аслии ваколатномаро пешниҳод накард? Оё ваколатдоронаш ба суд ҳуқуқи пешниҳоди аризаҳои даъвогиро дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ва тақсими молу мулк доштанд?
Умедворем, ки мақомоти салоҳиятдори давлатӣ баъд аз нашри матлаб ба ин суолҳо посухи мушаххас медиҳанд ва дар ниҳоят саргардониҳои ин шаҳрванд ба поён мерасад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2020    №: 96    Мутолиа карданд: 776
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед