фарҳанг
МО ПАЙРАВИ ПЕШВОЕМ!
Яке аз тадбирҳои фараҳбахш дар ҳаёти мо, ҷавонони саодатманди зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар, ин эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Хуб дар ёд дорам, ки се сол қабл Рӯзи ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Мо, ҷавонони дарварзишгоҳбуда, зери ҳар як суруду мусиқӣ мерақсидему меболидем ва дар қатори мо кулли ҷавонони Тоҷикистон хушҳолӣ мекарданд.
Дарвоқеъ, амри собитшуда аст, ки рушди ҳар кишвар дар баробари дигар арзишҳо ба захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон, такя мекунад. Бо дарки ҳамин нуктаи муҳим, Сарвари давлат новобаста аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодии солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша дар андешаи ояндаи дурахшони ҷавонони мамлакат буданд. Ҳамин буд, ки 17 марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти нахустини Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид. Ҷавонон аз ин мулоқот неруву тавони тоза гирифта, барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва сохти конститутсионӣ камари ҳиммат бастанд.
Воқеаи дигари фараҳбахши қарни гузашта мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (23 майи соли 1997) бо ҷавонон буд, ки дар ҳаёти онҳо саҳифаи нав боз кард. Дар ин вохӯрӣ Президенти кишвар аз таъсис ёфтани сохтори давлатии кор бо ҷавонон – Кумитаи кор бо ҷавонон мужда расонданд.
Боиси фараҳмандист, ки ҳоло дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» амал намуда, дар зарфи қариб 29 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ доир ба дастгирии ҷавонон, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1997) «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон», Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Стипендияи президентӣ, Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон қабул гардидааст, ки татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавононро таҳким бахшида, мавқеи онҳоро дар ҷамъият боз ҳам устувор намуд.
Чуноне Пешвои миллат дар Паём (22 декабр, соли 2017) иброз доштанд: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».
Воқеан, ин ғамхориҳо маҳдуд нагардиданд. Ба таври мисол метавон вохӯрии Пешвои миллатро бо аҳли зиёи кишвар (18 марти соли 2020) баён кард, ки дар он дастур доданд: «Пешниҳод менамоям, ки аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 то 50 нафар зиёд карда шавад. Аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 дарсад барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад».
Ҳамаи ин ғамхориҳо дар навбати худ аз мо - ҷавонон иҷрои рисолатҳои муҳимеро тақозо менамоянд. Аз ҷумла, боварӣ ва эътимод ба ҷавонон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат қарор доранд, ҳар як ҷавони баору номуси кишварро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳову растанҳо, ба қадри истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу суботи комил бирасем, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва пайравони асили Пешвои миллат бошем.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2020 №: 97 Мутолиа карданд: 735