фарҳанг
ШЕЪРИ МИЛЛАТ. ИЛҲОМ АЗ АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода чун мунодии матини сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамраъйии халқҳои ҷаҳон маҳбуби мардумони кишварҳову қитъаҳои олам гардида буданд. Солҳои зиёди умри худро дар ин роҳи наҷибу пуршараф сарф кардаанд.
Дар кишварҳои гуногун қадам мезаданд, аммо бо тамоми ҳастӣ ҳамнафасу ҳамнавои диёри маҳбуби худ буданд ва дилашон ҳар лаҳза дар ҳавои Тоҷикистон метапид. Бо муҳаббату садоқати фарзандӣ мегуфтанд:
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчӣ нисфи умри беҳтаринам дар сафар
бигзашт.
Устод боре баъди бозгашт аз як сафари бардавоми хориҷӣ ҳамроҳ бо дӯстони наздику қадрдон, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ ба сайри шаҳри Душанбе баромада, суҳбаткунон то «Кӯли комсомол» (имрӯза «Кӯли ҷавонон») мерасанд.
Дӯстон пас аз гардиш дар чойхонаи лаби кӯл нишаста, маҳфили унс меороянд ва боз бархоста, пиёда ба роҳ медароянд. Дар аснои пиёдагардӣ Боқӣ Раҳимзода ба Мирзо Турсунзода мегӯянд:
- Мирзоҷон, бингаред, пойтахтамон торафт шукуфонтар мегардад, аммо дар васфаш ягон суруди дилписанде нест, ки кас гӯш кунаду ҳаловат барад.
- Боқиҷон,- мегӯянд Мирзо Турсунзода, - воқеан, фикратон шоистаи таҳсин аст. Бигзор, шоирони мо табъозмоӣ кунанд ва ин орзу ҷомаи амал пӯшад. Худи шумо ҳам дар канор наистода, ба майдон дароед, зеро ҳама медонанд, ки суруднависи хубе ҳастед.
- Ба чашм, - мегӯянд Боқӣ Раҳимзода ва табассуми гуворое мекунанд.
- Дӯстон, - мегӯянд Мизо Турсунзода, - чанд муддат, ки дар сафар будам, ростӣ кӯчаву хиёбонҳо ва гулгаштҳои Душанберо пазмон шуда будам. Сайру гашти имрӯза андак хумори диламро шикаст.
Меҳри пойтахт аз он айёме, ки Мирзои наврас дар оғӯши Душанбе, дар мактаб – интернат таҳсил мекард, дар дилу ҷони ӯ реша давонда буд. Танҳо шоири муштоқ ва ошиқи Ватан бо меҳру садоқати фарзандӣ метавонад рози дилашро чунин ошиқона баён намояд:
Ватан дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Дӯстон дар хиёбони сарсабз суҳбаткунон қадам мезаданд, аммо таваҷҷуҳи Мирзо Турсунзодаро беш аз пеш манзараҳои дилкушо ва дарахтони чаман - чаман шукуфта ба худ ҷалб мекарданд.
- Бубинед, имрӯзҳо шаҳри мо монанди боғу гулшан аст, - мегӯяд Мирзо Турсунзода.
Боқӣ Раҳимзода баробари шунидани суханони Мирзо Турсунзода ба завқ омада, чеҳраашон гул - гул мешукуфад ва бо табъи хуш дасти росташро боло карда, ангуштонашонро ба садо дароварда, замзама мекунанд:
Шаҳри мо монанди боғу гулшан аст,
Манзили сайру тамошо кардан аст.
Ҳамроҳон аз шунидани ин суханон ба ваҷд омада, ба Боқӣ Раҳимзода таҳсин мехонанд.
- Мирзоҷон, - мегӯянд Боқӣ Раҳимзода, - ана дидед, азбаски дилҳоямон соф ва ниятамон пок аст, олиҳаи назм ба имдодамон омад ва як байти суруди орзу кардаамон худ аз худ пайдо шуд. Акнун таманнои мо дӯстон ҳамин аст, ки давом додану такмил бахшиданаш бар зиммаи шумост. Не нагӯед, Мирзоҷон.
Мирзо Турсунзода сухани дӯстонро нашикаста, хоҳиши онҳоро мепазиранд. Аз ҳамон лаҳза сар карда, шоир ба ҷустуҷӯи каломи мавзуну ташбеҳҳои наву дилписанд меафтанд, то шоистаи пойтахти тоҷикон бошанд.
Мисраъҳову байтҳо болафшон ба парвоз омада, дар дили шоир фурӯ менишастанд. Чун ба хонаи Мирзо Турсунзода мерасанд, шеъри дар роҳ иншошударо рӯи коғаз меоваранд ва аз Зиёдулло Шаҳидӣ хоҳиш менамоянд, ки ба он оҳанг офаранд.
Суруди нав «Хонаи мо» ном мегирад ва бори нахуст бо садои ғулғулафкани Раъно Ғолибова бар фарози Тоҷикистон баланд садо дода, меҳру муҳаббат ва сарсабзиҳои Душанберо дар дилҳо бармеангезад.
Ҳарду дар як шаҳри нав сабзидаем,
Ҳарду онро ҷону дил бахшидаем.
Шаҳри мо монанди боғу гулшан аст,
Манзили сайру тамошо кардан аст.
Сӯи мо гар бо суроғе меравӣ,
Аз миёни кӯчабоғе меравӣ.
Суруди «Хонаи мо» ба зудӣ аз марзҳои Тоҷикистон берун рафта, дар дилҳо маскан мегирад. Вақте ки устод Мирзо Турсунзода дар шаҳри Тошканд дар анҷумане ширкат меварзанд, ин суруд дар барномаи консертӣ аз забони сарояндаи хушовоз Ҳалима Носирова зебо садо дода, мавриди истиқболи гарм қарор мегирад. Ҳалима Носирова – ҳамсари нависандаи ӯзбек Комил Яшин аз саҳна ба Мирзо Турсунзода нигариста, он касро бо забони шеъри худашон бо ишораи даст ба меҳмонӣ мехонад:
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
Ҳамин тариқ, аз табъи волои Мирзо Турсунзода ва аз оҳанги дилангези Зиёдулло Шаҳидӣ суруде эҷод шуд, ки умри дароз дида, имрӯз дар донишкадаҳои ҳунарӣ ва мактабҳои мусиқӣ чун беҳтарин намунаи санъати овозхонӣ ва тимсоли барҷастаи пайванди шеъру мусиқӣ таълим дода мешавад.
Азбаски меҳри Душанбе дар дили Мирзо Турсунзода ошёни абадӣ дошт, шоир яке аз беҳтарин шеърҳои солҳои охири умр сурудаашро бо номи «Пойтахт» ба шаҳри маҳбуби худ бахшидааст, ки бо ин абёти дилнишин оғоз меёбад:
Пойтахтам, дар миёни кӯҳсор афтодаӣ,
Дар дили водии зархези Ҳисор афтодаӣ,
Мисли холи тоқи абрӯи диёр афтодаӣ,
Пойтахтам, мешиносам ман чароғони туро,
Бурҷҳову кохҳои шуълаафшони туро.
Аз ин шеъри дилангез Душанбеи имрӯза бо тамоми зебоиву тароват ва шаҳомати боғу бӯстонҳои хуррам, бо қасрҳову кохҳои бошукӯҳ пеши назар меояд. Ҳар як сокини худогоҳи пойтахт бо Мирзо Турсунзода ҳамсадо гардида хоҳад гуфт:
Шаҳри ман, шоистаи асру замон афтодаӣ,
Кас намегӯяд, ки ту аз осмон афтодаӣ.
Мақоми баланди Мирзо Турсунзода ва безаволии осори ӯ дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашнҳои 90 ва 100 - солагии шоир хеле равшану дурахшон таҷассум ёфтаанд. «Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Меҳри ӯ ва шеъри ӯ дар ошёни баландтарин – дар дили халқ маъво гирифтааст. Бигзор, каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби мову шумо, тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун оина пурҷило гардонад».
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.05.2020 №: 98 Мутолиа карданд: 962