ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Ришваситонӣ ё ба ҷавобгарӣ кашидани боз як заминфурӯш
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ришваситониеро вобаста ба замин ошкор кард, ки фарди қаблан маҳкумшуда ба ин кирдори ҷинояткорона даст задааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, шаҳрванд Абдусаллом Дамонов давоми солҳои 2017 – 2020 аз шаҳрванд Наврӯзбек Хоҷамбердиев барои ҳуҷҷатгузори карда додани қитъаи замини наздиҳавлӣ аз ҳисоби заминҳои Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш дар чанд ҳолат 17300 сомонӣ гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки номбурда дар гузашта низ бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Феълан нисбат ба А. Дамонов, бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
ДУЗДӢ
Ҷинояткор ба даст афтод
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Истаравшан марди 40 - солаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, номбурда аз 5 январ то 16 майи соли 2020, дар чанд маврид бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи фурӯши маводи ғизоии «Форс», воқеъ дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Истаравшан ворид шуда, даст ба дуздии молу маҳсулот задааст, ки зарари воридшуда аз ин ҳисоб 12 ҳазору 998 сомониро ташкил медиҳад.
Гумонбар ба ҷинояти дуздӣ, сокини Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич буда, ҳоло кирдори ҷинояткоронааш мавриди тафтишот қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.05.2020 №: 98 Мутолиа карданд: 827