фарҳанг
ҲОМИИ ЗАБОН. ДАР БОРАИ ТАЛОШҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РОҲИ ҲИФЗ ВА ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Забони тоҷикӣ тӯли ҳазорсолаҳо, новобаста ба гирудорҳои таърихӣ, мақому манзалати худро ҳифз намуда, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо талошҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такомул ёфт ва ба омили асосии пешрафти илму фарҳанги миллат табдил гардид. Воқеан, тавре Пешвои муаззами миллат дар китобашон «Забони миллат – ҳастии миллат» иброз доштаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Президенти мамлакат дар ин асари пурарзиши хеш ба решаҳои забон таваҷҷуҳ намуда, баъзе вожаҳои бостониро бо калимаву ибораҳои мавриди истифодаи имрӯза муқоиса менамоянд ва пайванди ин ду марҳиларо нишон медиҳанд. Дар китоб таъкид мегардад, ки ниёгони мо барои рушди ин забон фидокорӣ намуда, осори гаронбаҳое ба мо мерос гузоштаанд. Дар давраи Ҳахоманишиҳо, Кӯшониён, Тоҳириён, Саффориён, бахусус Сомониён, забон хеле неруманд гардида, дар тамоми қаламрави ин кишварҳо густариш пайдо карда буд ва ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардид. Ба таъкиди Пешвои миллат, забони мо дар тӯли таърих ҳамеша пайвандгар ва омили ваҳдати мардуми ориёитабор ва, ҳатто, қавмҳои дигар буд.
Дар рисолаи «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври пайдарпай решаҳои гузашта, таҳаввул ва ба мушкилиҳо дучор шудани забон дар партави таърих мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Барои дарки бештари моҳияти забон ҷиҳати рушди фарҳангу адаби халқ фаъолияти илмию адабии шахсиятҳои маъруфи садаҳои ҳашт ва баъд мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Таъкид мегардад, ки барои омӯзиши фарҳанг, таърих, адаб ва дигар соҳаҳои илм забон бояд сарчашмаи муҳим бошад.
Вожаи «тоҷик» тибқи сарчашмаҳо таърихи беш аз ду ҳазорсола дорад, вале истилоҳи «забони тоҷикӣ» баъдан ба вуҷуд омада, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳи хоса ёфт ва бо номи Тоҷикистон вобастагии калон пайдо карда, забони расмии он гардид. Имрӯз дар арсаи ҷаҳон ин забон ҷойгоҳи сиёсӣ ва мақоми махсуси фарҳангиро соҳиб аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад».
Ҳоло мо дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Ҳар забоне, ки дар ин ҷараён муқовимат карда наметавонад, аз байн меравад. Забон, ки аз байн рафт, миллату кишвар низ пойдор намемонад. Пешвои миллат аз таҳдиди ин хатар борҳо ёдовар шуда, таъкид мекунанд: «Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».
Арабзода Фирӯзҷон ҲАМРОХОН, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.05.2020 №: 99 Мутолиа карданд: 936