иқтисод
ИСТАРАВШАН. СОҲИБКОРӢ РИВОҶ МЕЁБАД
Мардуми шарафманди шаҳри Истаравшан имрӯзҳо дар самти фаъолияти соҳибкорӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешсаф ба назар мерасанд. Коркарди гӯшту шир, истеҳсоли ҳасибу панир, пӯхтани нону кулчаҳои гуногун, шириниҳои милливу дигар маҳсулоти қаннодӣ, ҳамчунин, истеҳсоли орду равғани рустанӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, дӯхтани либосҳои миллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар ин ҷо хеле ривоҷ ёфтааст. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд.
Давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 103 миллиону 709,2 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 705,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 115,2 дарсадро ташкил намуд. Аз ҷониби соҳибкорони шаҳр даҳҳо иншооту коргоҳҳои хурд ва нуқтаҳои хизматрасониву маишӣ ба истифода дода шуданд. Аз аввали сол дар шаҳр ду корхонаи нави хурди истеҳсолӣ – ҶДММ “Нур-Пак” бо 8 ҷойи нави корӣ ва ҶДММ “Кафшгар” бо 23 ҷойи корӣ, ҳамчунин, се коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд, ки дар маҷмӯъ, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Чуноне, ки медонем, яке аз роҳҳои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои занону духтарон, коҳиш бахшидани маҳсулоти воридотӣ ин дӯхтани сарулибос, аз ҷумла сарулибоси ягонаи мактабӣ мебошад. Бо ин мақсад дар шаҳр беш аз 30 коргоҳи хурди дӯзандагӣ фаъолият менамояд. Барои таъмини хонандагон дар соли хониши нави 2020 - 2021 бо сарулибос зиёда аз 30300 нафар толибилмону омӯзгорон бо соҳибкорони инфиродӣ шартнома баста, корҳо дар ин самт оғоз ёфтанд.
Соҳибкорони маҳаллӣ дар пайи омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз 274 иншооти таъйиноташон гуногун сохта, ба истифода доданд. Дар маҷмӯъ, дар қаламрави шаҳр бунёди зиёда аз 450 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, бунёди роҳҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, боғҳои истироҳату фароғат, гулгаштҳо ва толорҳои варзиш дар назар аст.
Дар миқёси вилоят яке аз аввалинҳо шуда дар доираи супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода корхонаи воҳиди давлатии “Маркази дастгирӣ ва таълими соҳибкорон” ташкил ёфт. Дар ин ҷо ҳамзамон ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи соҳибкорони шаҳри Истаравшан аз 17 августи соли 2019 ба фаъолият оғоз кард. Ҳадафи асосии ташкилот ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон, ташкил ва гузарондани тадқиқот оид ба масъалаҳои дар фаъолияти онҳо ҷойдошта, ёрии амалӣ расондан ва баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии соҳибкорон мебошад. Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии шаҳр фаъолияти масъулони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонӣ ва таълимии соҳибкорон ҷоннок намояд. Дар маҷмӯъ, соҳаи соҳибкорӣ дар шаҳр хеле пеш рафта, ба рушду шукуфоии он такони ҷиддӣ бахшидааст.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.05.2020 №: 99 Мутолиа карданд: 1021