ҳуқуқ
85 800 СОМОНӢ ҶАРИМА ҲУКМИ ЯК ЗАМИНФУРӮШ
Суди ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор эълон кард. Нисбат ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 3 ва 5 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 85 800 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол таъйин гардид.
Тавре аз суди ноҳияи Ёвон ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, Нурмаҳмад Жураев қаблан бо моддаи 3381 қисми 2 банди «в» ва моддаи 3381 қисми 2 бандҳои «а,в»-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда буд. Ӯ аз ин хулосаи лозима набароварда, дар давраи фаъолияташ даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва такроран ғайриқонунӣ додани қитъаи замин задааст.
Номбурда ҳамчун муҳандис - заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон моҳи октябри соли 2014 дидаю дониста, ки ваколати ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб кардааст. Ҳамон моҳ аз ӯ 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Ӯ амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш, аз У. Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019 Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии «Оғабек»-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст. Дар маҷмӯъ, Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст. Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ.
Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев огоҳ шуда, бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст. Яъне, судшаванда зарари ба шаҳрванд расондаашро, пурра барқарор ва дар ин хусус аризаи хаттӣ ба суд пешниҳод намудааст.
Суд аз ҷониби Нурмаҳмад Жураев дар рафти тафтишоти пешакӣ пурра барқарор кардани зарарро ба инобат гирифта, ба ӯ дар доираи санксияи моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 3381 қисми 2 бандҳои “а,в”-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кард.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.05.2020 №: 99 Мутолиа карданд: 1288