logo

фарҳанг

ГУЛОБ ВА ГУЛОБПАЗӢ. ИМКОНИЯТИ ЭҲЁ ФАРОВОН АСТ, АММО…

Баҳор бо сабза ва гулу шукуфа тавъам буда, гулоб ва гулобгирӣ дар ин фасли сол низ яке аз ойинҳои қадимаи мардуми тоҷик буд. Вале, мутаассифона, солҳост, ки истеҳсоли  он дар кишвари мо  ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Ҳол он ки дар китоби «Қонун» - и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барои дармони амрози мухталиф ба истеъмоли гули хушк ё гулоб таъкид шудааст. Гулобро дар маҳсулоти қаннодӣ низ ба кор мебаранд. Масалан, ба нишолло, мураббои сабзӣ ва лавз илова карда, хушбӯй мекунанд.
Васфи гулоб дар осори ниёгон далели маъмул будани ин ҳунари мардумист. Он ҳамчун мафҳум дар осори шоирони классик ва шифоҳии мардум ба таври фаровон зикр гардидааст. Дар байти зерини устод Рӯдакӣ май ба гулоб ташбеҳ дода шудааст:
Ба покӣ, гӯйӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ,
Ба хушшӣ, гӯйӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ.
Дар осори Абдураҳмони Ҷомӣ омадааст:
«Баъд аз он фармуд, оби гулоб ба рӯи ӯ бизаданд, ба худ бозомад».
Муаллифони китобҳои тибби қадим гулоб ва манфиату ҳикмати онро хеле тавсиф кардаанд. Масалан, дар «Эҳё - ут-тибби Субҳонӣ» чунин гуфта мешавад: «Накутарини он тез ва хушбӯй бувад; муқаввии димоғ ва мусаккини судоъ бошад, тақвияти дил ва меъда кунад, лисаро (вораро) сахт гардонад, дарди чашм сокин созад. Хӯрдани он бемориҳои нафс - уд - дам, хафақони гарм ва ғаширо нофеъ бувад, чун бар сар резанд, хуморро сокин кунад, ба мӯй бисёр моланд, сафед гардонад».
Ҳомидҷон Зоҳидов дар китоби хеш «Канзи шифо» овардааст, ки нӯшидани гулоб ба бемориҳои аз назла пайдошуда, қай кардани хун, тапиши дил шифо мебахшад. Баданро қавӣ мегардонад, дардҳои меъдаву рӯдаҳо ва ҷигару сипурзро таскин мебахшад. Агар онро бо шароб даромехта нӯшанд фараҳи зиёд мебахшад. Бӯидани он дарди сар ва чашмро дафъ мекунад, майна ва узвҳои дохилиро қувват мебахшад, табъро хуш ва дилро қавӣ гардонда, беҳушшавӣ ва тапиши  дилро барҳам медиҳад.
Арабҳо истеҳсоли гулобу атриёт ва дорувориро аз мо омӯхта, ба чандин давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои Аврупо расонданд, ки дар натиҷа истеҳсоли он густариш ёфт. 
Арабҳо гулобро мо-ул-вард гӯянд, ки аз гулҳои садбарги хушбӯй бо роҳи тақтир ҳосил мекунанд. Бештар аз он шарбат тайёр карда менӯшанд.  Гулоб дар Эрон, Покистон, Бангладеш, қисман дар Ҳиндустон, баъзе мамлакатҳои араб ва аксар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ аз ҳазорсолаи якуми то милод  маъмул аст.
Тарзи таҳияи гулоб чунин аст: пеш аз баромадани офтоб гулҳои навшукуфтаи садбарги хушбӯи ҷойдориро чида, як шабонарӯз дар соя мегузоранд, пас баргҳоро ҷудо карда мегиранд. Обро дар деги махсуси гулобкашӣ, ки анбиқ ном дорад, ҷӯшонда, барги гулҳоро ба он меандозанд ва  2 - 3 дақиқа меҷӯшонанд. Агар сатҳи об аз гулҳо паст бошад, боз қадре об меандозанд, то ки баргҳоро об пӯшонад. Баъд аз он сарпӯши анбиқро гузошта, давродаври онро бо хамир маҳкам мекунанд ва дар оташи паст 1,5 - 2 соат меҷӯшонанд. Аз мили анбиқ қатраҳои гулоб  ба зарфҳои махсуси сарпӯшдор мерезад, ки даҳонашро сахт мебанданд, то ҳаво надарояд.
Имрӯзҳо  дар тамоми гӯшаву канори Ватани азиза-мон – Тоҷикистон мавсими шукуфоии гули садбарг идома дорад. Бинобар ин, бо истифода аз чунин мавсим ақаллан барои худ ва оилаи худ аз он мураббо бипазем, то накҳату таъми гул зимни истеъмол дар тамоми фаслҳои сол мутадовим бошад. Дар ин кор таъхир нашояд, зеро ба гуфтаи Хайём баъди чанде нигарем, ки «гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст».
Барои  тайёр кардани мураббои гул 500 грамм гулбарг, як килограмм шакар, як литр об ва як қошуқи чой  ҷавҳари лиму лозим аст. Субҳи барвақт гулҳои шукуфта ва навшукуфтаи садбаргро ҷамъоварӣ намуда, гулбаргҳоро ҷудо менамоянд. Онҳоро шустан мумкин нест, зеро баъди шабнам тозаанд ва дар ҳолати шустан баргҳо бӯяшонро гум мекунанд. Беҳтараш  шабона ба гулҳо об пошида, субҳгоҳон онҳоро ҷамъоварӣ намоем. Агар зарурати шустан ба миён ояд, гулбаргҳоро на дар оби ҷорӣ, балкӣ дар оби сокит тавассути дуршлаг (чӯлпӣ) боэҳтиёт шустан лозим аст, то онҳо зарб наёбанд. Шакару обро ҷӯшонда, ба он гулбаргҳоро илова менамоем ва зуд -  зуд омезиш медиҳем. Мураббо ба худ ранги сабзро мегирад. Сипас, баъди даҳ дақиқа ранги он зард мешавад. Боз  баъди  10 - 12 дақиқа ранги тираи мисиро мегирад ва гулбаргҳо қариб шаффоф  мегарданд.  Ҳамин тавр, боз баъди даҳ дақиқа мураббо ранги гулобии тираро ба худ мегирад ва баргҳо шаффоф мегарданд. Сипас, мурабборо аз оташ гирифта, ба он як чумча ҷавҳари лимӯ илова менамоем. Онро бо гулбаргҳояш истеъмол менамоянд. Агар  мурабборо бо чой нӯшед, гулбаргҳо кушода шуда, хеле зебо ба назар мерасанд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки ин суннати ниёгонамонро эҳё карда,  парвариши гулҳои муаттару истеҳсоли гулобу атриёти хубу сифатноки тоҷикӣ ва содироти онро васеъ ба роҳ монем ва бад - ин васила ҳазорҳо ҷои нави корӣ ташкил ва беҳтарин армуғон ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ пешниҳод намуда, номи Тоҷикистони азизамонро дар ақсои олам маъруфу машҳур гардонем. Зеро дороии асили табиати хушобу ҳаво ва афсунгару биҳиштосои   мо дар ин самт  хеле созгор ва мусоид аст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2020    №: 99    Мутолиа карданд: 624
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед