logo

иқтисод

ЛЕВАКАНТ. СОКИНОН АЗ ЯК ЗАМИН ТО ЧОР ҲОСИЛ ГИРИФТАНИАНД

Баҳри татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ дар шаҳри Левакант ситоди махсус ташкил гардида, то имрӯз як қатор корҳо ба анҷом расондааст. Дар доираи ситод сокинони меҳнатдӯсти шаҳр барои аз як замин рӯёндани се - чор ҳосил дар як сол талошҳои зиёд ба харҷ дода истодаанд.
Анвар Набиев, сокини деҳаи Баҳодурон, ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, дар 0,10 гектар зироати зиёди кишоварзӣ кишт намудааст. Ӯ аллакай ҳосили пиёзро гирифта, дар ҷояш кӯчати помидору булғорӣ ва ҷуворимаккаи дон шинондааст.
Тавре ӯ гуфт, як миқдор пиёзи аз замин ҷамъовардаашро фурӯхта, қисми дигарашро барои худ захира намудааст. Пас аз чанд рӯз самари картошкаро гирифта, дар ҷояш бодиринг кишт мекунад.
Сокини дигар Ҳошим Эъронов, деҳқони пуртаҷрибаест, ки ҳамроҳи фарзандон дар 0,12 гектар замини наздиҳавлигӣ 3 гармхона бунёд намуда, онҳоро самаранок истифода мебарад. Ӯ дар гармхонаҳо помидору бодиринг ва боқимондаи замини холӣ сабзавот кишт кардааст. Дар аввали чиниш аз гармхонаҳои мазкур 700 кило бодиринг, 300 кило помидор ва 1 тонна пиёз рӯёндааст.
Номбурда ҳамеша замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, аз он то чор ҳосил ба даст меорад. Қисмеро барои эҳтиёҷоти худ сарф намуда, қисми дигарро бо нархи дастрас пешкаши мизоҷону сокинони шаҳр мегардонад.
Зоҳир Абдураҳимов, бошандаи деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», дар 8 сотиқ замини наздиҳавлигиаш 20 ниҳоли мевадиҳанда ва дар байни қатори онҳо 30 рах картошка, помидор, бодиринг, пиёз, сабзӣ ва полизиҳо кишт кардааст.
- Деҳқонону кишоварзони шаҳр дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, баҳри рӯёндани се - чор ҳосил аз як замин аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода менамоянд. Иқдоми ин нафарон барои истифодаи самараноку оқилонаи замин, гирифтани чанд ҳосил  ва  бо  ин роҳ беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ шоистаи таҳсин аст, - гуфт Зарина Давлатзода, раиси шаҳр.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2020    №: 99    Мутолиа карданд: 837
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед