logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

27  май  таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар қаламрави вилоят дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бунёду навсозии беш аз 7500 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 3901 иншоот корҳои сохтмонию навсозӣ аллакай анҷом ёфтааст, ки 52 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии иншооти сохташуда ва навсозигардида 3210 иншоот ё 82 дарсади он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Аз ин ҳисоб дар вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2018-2019 ва се моҳи соли 2020 - ум 4742 ҷойи кори доимӣ ва 11 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил карда шудааст. Ба таъкиди раиси вилоят, аз шумораи умумии иншооти ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмону навсозияшон банақшагирифташуда, аз ҷумла 603 иншооти соҳаи маориф, 941 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 210 иншооти фарҳангӣ ва 590 иншооти варзишию солимгардонӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар муҳимияти таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтиро таъкид намуда, ба роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати тақвияти тадбирҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ин санаи таърихӣ, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва афзун намудани шумораи ҷойҳои нави корӣ, назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонию навсозӣ ва рушди инфрасохтори маҳал дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Сипас, дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2024 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025 вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ҳисобот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси навбатӣ ва бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои мавҷуда дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар мамлакат ва боз ҳам беҳтар  намудани  хизматрасонии тиббӣ ба беморону сироятёфтагон, таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба миқдори зарурӣ, дастгирию кумаки пайвастаи кормандони соҳаи тандурустӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба вусъати тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию ҳоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили меваю сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2020    №: 100    Мутолиа карданд: 9919
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед