сафарҳо
САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодабарии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия то имрӯз 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароити мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Баъди шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрии судманд анҷом доданд.
Таъкид шуд, ки бо эълони вазъияти пандемия дар ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирӣ аз эпидемияи баамаломада корҳои заруриро ба сомон расонд. Ташкили Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии нави COVID-19, муҷаҳҳаз гардондани беморхонаву марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои махсуси муҳофизативу маводи зиддивирусӣ ва ташкили беморхонаҳои муваққатӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки то ин давра давлату Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ намуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки табибон бояд ҷиҳати муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ созанд.
Барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона Сарвари давлат ба табибон изҳори миннатдорӣ карданд.
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” ва боғи “Абдураҳмони Ҷомӣ” шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” соли 2011 таъсис ёфта, майдони умумии онро 6 гектар замини корами обӣ ташкил медиҳад. Айни замон саҳмдорон дар майдони 1 гектар полизӣ, 2 гектар пиёз, 1 гектар чигит ва 2 гектар ҷуворимакка кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Хоҷагии мазкур ҳамасола бо бардоштани ҳосили фаровон дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дошта, маҳсулоти он ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.
Бино ба таъкиди Пешвои миллат, кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд.
Қобил ба зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз ва дигар ғалладонагиҳо зиёд карда шудааст.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шафтолубоғи хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” дидан карданд. Зимни боздид Сарвари давлат ба саҳмдорон барои дастгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти боғдорон баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 2011 аз ҷониби деҳқони асил Мақсуд Маҳмудов таъсис ёфта, майдони умумии онро 1,5 гектар шафтолубоғи навъҳои “Лола” ва “Саидаҳмадӣ” ташкил медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз як дарахт ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 40 то 50 килограмм ҳосил ба даст оварда мешавад. Нақши хоҷагии деҳқонии мазкур дар таъмини бозори дохилӣ бо меваи тару тоза хеле назаррас буда, хоҷагидорон бо зиёд намудани майдони боғ ҳадаф доранд маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд.
Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини корами обӣ тадбирандешӣ карда, дар майдони зери боғ хӯроки чорво низ парвариш намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмату суботкории соҳибкорону хоҷагидорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба боғдорону зироаткорон ҷиҳати рушд бахшидани соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Дар навбати худ саҳмдорон ваъда доданд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхории зиёди Сарвари давлат нисбат ба марди деҳқон, талош хоҳанд кард, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ “ВОДИИ ЗАРРИН”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди иттиҳоди аграрии “Водии заррин” шинос шуданд.
Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” соли 2013 тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон таъсис ёфта, дар ҳудуди вилояти Хатлон дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, шолӣ ва гандум пурсамар фаъолият дорад.
Аҳли заҳмати ҷамъият дар масоҳати 948 гектар гандум кишт намуда буданд. Ҳавои мусоиди имсола барои нашъунамои хуб ва ҳосили дилхоҳ ба даст овардани кишоварзон мусоидат кард. Меҳнати софдилона самар оварда, хоҷагидорон дар ин мавсим аз ҳар гектар 32 - 33 - сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Кишоварзон нақша доранд, ки дар майдони 200 гектар заминҳои аз кишти тирамоҳии гандум холишуда шолӣ коранд. Маданияти истифодабарии замин дар хоҷагӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта, ҷиҳати ғанӣ гардондани таркиби хоки заминҳои нави обёришуда дар майдони зиёда аз 700 гектар офтобпараст кишт карда мешавад. Пас аз бардоштани ҳосили офтобпараст баргу пояи ин зироат майда карда шуда, ба замин партофта мешавад, ки василаи хуби ҳосилхез намудани замин ва ғанисозии таркиби хок мебошад. Ҳамин таҷриба баъд аз ҷамъоварии ҳосили пахта низ истифода шуда, ғӯзапоя ғунучин намегардад ва ҳамчун нурии минералӣ мавриди коркард қарор мегирад. Истифодаи ҳамин технологияи парвариш имкон фароҳам овардааст, ки ҳосилнокии “тиллои сафед” марҳила ба марҳила афзоиш ёбад.
Таҳлили ҷамъоварии пахта аз рӯи нишондодҳои замини обёришуда муайян намуд, ки агар ҳосилнокии соли аввал 10-15 сентнер бошад, қисми дигари заминҳои кишти соли чорум ва панҷум ба 50 - 60 сентнер мерасад. Ҳамин тавр, ҳосилнокӣ дар соли 2019 аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 22,2 сентнерро ташкил дод.
Дар натиҷаи истифодаи имтиёзҳои давлатӣ ва чораандешии роҳбарияти ҷамъият, дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 3650 гектар пунбадона кишт шуда, аз сабаби ба амал омадани шамолҳои сахт ва боришҳои пай дар пайи барфу борон дар моҳҳои март - апрели имсол, дар майдони 1760 гектар кишти чигит аз нав ба роҳ монда шуд. Бо вуҷуди ин, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва анҷоми сифатноки тадбирҳои агротехникӣ имкон фароҳам овард, ки ин зироати техникӣ нашъунамои хуб ёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми хоҷагидоронро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ намуда, бобати тақвияти бештари ин раванд ба роҳбарони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.
Тазаккур дода шуд, ки соли 2015 дар доираи татбиқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020, ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон барои азхудкунӣ ва барқарорсозии 12 ҳазор гектар замине, ки қаблан аз гардиши кишоварзӣ баромада, тӯли даҳсолаҳо дар ҳолати партов қарор доштанд, вобаста гардида буд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҷиҳати амалӣ гардондани маҷмӯи корҳои азхудкунӣ ва барқарорсозӣ дар заминҳои ҷудогардида аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди иттиҳоди аграрии “Водии заррин” ба кишвар 300 техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ ва дастгоҳу механизмҳо, ба монанди агрегатҳои ҳамворкунии замин бо таҷҳизоти лазерӣ, агрегатҳои мураккаби коркарди замин, экскаватор, мошинҳои худрави боркунанда ва автомашинаҳои боркаш, тракторҳои пуриқтидори ҷуфткунанда, агрегатҳои худрави пошандаи маводи ҳифзи рустанӣ, тухмипошакҳо, комбайнҳои ғалладарав ва таҷҳизоту агрегатҳои муосири таъйиноти кишоварзӣ ворид карда шуд.
Ба иттилои роҳбарияти иттиҳоди аграрии “Водии заррин”, давоми солҳои 2015-2020 ба хотири рушди соҳа ва коркарди маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон зиёда аз 112,2 миллион доллари амрикоӣ ба сифати сармоя ҷалб гардида, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Бунёди инфрасохтори агросаноатӣ бошад, мавриди таваҷҷуҳи махсуси аҳли заҳмат қарор гирифтааст. Ҷамъият дар тӯли фаъолияти худ заминҳои ғайрикишоварзиро давра ба давра ба гардиш дароварда, майдони заминҳои корами обиро ба зиёда аз 5000 гектар расонд. Корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобида идома доранд. Бояд тазаккур дод, ки ин шабу рӯз зиёда аз 800 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва бештар аз 2200 нафар бо кори мавсимӣ таъмин буда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна 1500-2000 сомониро ташкил медиҳад.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ ҳама пешрафти истеҳсолӣ дар иттиҳоди аграрии “Водии заррин”-ро бевосита ба дастгириву ғамхориҳои шахсии Пешвои миллат марбут медонанд ва ин талошҳо ҳайати кормандонро ҷиҳати афзоиши бештари маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаву гандум ва шоливу офтобпараст дилгарм кардааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта роҳбарияти иттиҳоди аграрии “Водии заррин”-ро вазифадор карданд, ки зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолиро мақсаднок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ бештар ҳиссагузорӣ намоянд.
НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди иттиҳоди аграрии “Водии заррин”, дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд. Дар намоишгоҳ кишоварзон намудҳои гуногуни маҳсулотро ба маъраз гузошта буданд.
Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷумҳурӣ аз минтақаҳои калони аграрӣ буда, шуғли асосии сокинони он зироаткорӣ аст ва таҷрибаи хоҷагиҳои ноҳия асосан дар самти парвариши сабзавоту полизӣ, шолӣ ва лимӯ миёни деҳқонони дигар ноҳияҳо пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки теъдодашон ба зиёда аз 3800 адад мерасад, бештар ба кишти пиёз машғуланд ва бо ин кор шуҳрат ҳам ёфтаанд. Соли равон деҳқонони ин ноҳия дар майдони 3721 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намуда, то ҳол аз майдони 3400 гектар 142 ҳазору 130 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки ба ҳар гектар 418-сентнерӣ рост меояд.
Дар баробари ин, сокинони ноҳия ба парвариши пахта, ғалладона, аз ҷумла навъҳои гуногуни гандум, шолӣ, ҷуворимакка, полизиҳо ва сабзӣ, машғул мебошанд.
Тибқи иттилои масъулини идораи кишоварзии ноҳия, имрӯз сокинони Ҷайҳун бозори истеъмолии ҷумҳуриро бо пиёзи барвақтӣ, полизиҳо, сабзӣ, меваҳои ситрусӣ ва ғайраҳо пурра таъмин месозанд. Ҳамасола дар баробари таъмини бозори дохилӣ, инчунин, зиёда аз 26 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот мегардад, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондоди назаррас дониста мешавад.
Дар самти самаранок истифода бурдани замин низ деҳқонони ноҳия таҷрибаи ибратбахш доранд. Дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорон тасмим доранд, ки дар майдони 6 ҳазору 700 гектар анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар масоҳати 1800 гектар сабзӣ кишт карда, ҳосили баланд ба даст оранд.
Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ва афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат саҳми худро боз ҳам бештар хоҳанд кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Ҷайҳун барои таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дода, бобати баҳрабардории самараноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин, пурра истифода бурдан аз тамоми имкониятҳо махсус таъкид карданд.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ВАХШ
Пас аз шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун, мулоқот карданд.
Сарвари давлат аз вазъи хуби корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 - 2020 - ро қабул кард, ки барои амалисозии он татбиқи 194 лоиҳа ба маблағи 164 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои роҳандозии пурра ва самараноки барнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки ҳамкориро ҷиҳати дарёфти сармоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷоннок намоянд.
Дастуру супоришҳо ба масъулини ноҳияи Ҷайҳун ва вилояти Хатлон, ҳамчунин, бобати ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан, бунёди меҳмонхонаҳо ва, ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда дода шуд.
Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, энергетика дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то моҳи апрели соли 2020 азхудшуда беш аз 18 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад, ки ин низ қонеъкунанда нест.
Роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақаро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои водии Вахш вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, инчунин, ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маорифу тандурустӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру таҷдид кардани муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Дар робита ба паҳншавии бемории коронавирус, ки боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо гардидааст, Президенти кишвар бо истифода аз ширкати роҳбарону намояндагони сокинони шаҳру ноҳияҳои водии Вахш бори дигар зарурати аз ҷониби ҳар як шахс риоя гардидани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибону мутахассисонро хотирнишон карданд.
Дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон - сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла Ҷайҳун, анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ саҳми босазои хешро барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон оид ба вазъи рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз дар бораи ҷамъоварии ҳосил, иҷрои амру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, татбиқи нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2020 №: 100 Мутолиа карданд: 2080