фарҳанг
ДАРСИ МУАЛЛИМ АР БУВАД ЗАМЗАМАИ МУҲАББАТЕ…
Даргузашти шахсияти хизматнишондода, чеҳраи ошно, устоди суханвару суханшиноси маъруфи тоҷик Баҳриддин Камолиддинов дили пайвандон, ёру дӯстон, хусусан қалби ҳазорон шогирдашро реш - реш кард. Ҳар касе, ки аз марги ӯ хабар меёфт, мегуфт: “Чӣ инсони неке буданд…”.
Бале, воқеан ҳам, устоди зиндаёд на танҳо дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва ба воя расондани мутахассисони соҳаи суханшиносию рӯзноманигорӣ саҳми бузург дошт, балки ҳамчун инсони хушфеълу соҳибдил дар ёду хотираҳо абадан зинда аст.
Мавсуф чанде пеш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо аз фанни санъати суханварӣ (риторика) дарс мегуфт. Усули дарсгузарии устод хеле хушоянд буд. Одати ранҷондани касеро надошт. Маҳз барои чунин инсонияти баланд ҳама дӯст ва гиромиаш медоштанд. Ба қавли шоир, дарси устод замзамаи муҳаббат буду донову нодонро ҷазб карда, ба синфхона ҷамъ меовард.
Устод соли 1959 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) - ро хатм кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи «Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим» рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи «Муродифи наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, аз соли 1991 соҳиби унвони профессорист.
«Ҳаким Карим» (1965), «Забон ва услуби Ҳаким Карим» (1967), «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён» (1986), «Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷиқӣ» (2012) ном асарҳои Камолиддинов ва китобҳои дарсии ӯ имрӯзу фардо низ дар хидмати ин миллат хоҳанд буд. Мо шоҳидем, ки аксари омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик аз суҳбатҳои телевизиониву радиоии ӯ баҳраҳо бардошта, дар раванди таълим ба таври фаровон истифода бурдаанд. Ҳар як барномааш, ҳар як суҳбаташ барои аксарият дарси такмили ихтисос буд. Устод бо ҳама васоити ахбори омма ҳамкорӣ дошт ва дар баробари корҳои илмиву таълимии ҳаррӯза ба ҷону дил ба студияҳои телевизиону радио омада, аз покии забон ва эҳтиёткорӣ дар навиштору гуфтор суҳбат мекард.
Номбурда яке аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд. Баҳсу мунозираҳои ӯ доир ба китобҳои дарсӣ ва дигар масоили забоншиносӣ дар сафҳаҳои ин рӯзномаи куҳан дарҷ гардидаанд.
Фаъолияти пурсамар ва рӯзгори босаодати ин абармарди хушкалом ва посдори забони тоҷикӣ бояд барои насли ҷавон намунаи ибрат бошад. Барои меҳнати пурсамар бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1956, 1958), унвонҳои фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, бо нишонҳои Комёбиҳои беназир дар таълими мактабҳои олии СССР ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.06.2020 №: 103 Мутолиа карданд: 1100