иқтисод
ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 100 ТОННА ОЛУ
То 27 майи соли равон аз вилояти Хатлон ба Федератсияи Россия беш аз 50 тонна олу содирот шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус ба шаҳри Санкт - Петербург интиқол доданд.
Боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хориҷа 51 тонна мева содир карданд.
- То имрӯз аз вилоят, асосан аз навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Ҷайҳун дар маҷмӯъ 139 тонна мева содирот шудааст, - гуфт Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Соли ҷорӣ, тибқи дурнамо, аз шаҳру навоҳии вилоят ба хориҷа беш аз 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар вилоят ин нақша қариб 41 дарсад иҷро гардида, 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз, содир гардид. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба хориҷи кишвар беш аз 15 ҳазор тонна зиёдтар маҳсулот фурӯхта шуд.
Маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон содирот мешавад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.06.2020 №: 103 Мутолиа карданд: 912