logo

фарҳанг

ДАРДОШНОИ КӮДАКОН

Барот Ҳайдаров барои мардуми Тоҷикистон ва ҳам аксари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ошност. Ӯ чун табиби бемориҳои кӯдакон, ҳамзамон дар бахшҳои гуногуни тиб корҳои пажӯҳишӣ анҷом дода, аз навгониҳои тибби ҷаҳонӣ ҳамеша огоҳ буд.
Барот Ҳайдаров соли 1959 дар ноҳияи Деваштич ба дунё омад. Баъди хатми мактаби зодгоҳ то соли 1982 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино илму амал омӯхт, се сол дар Институти илмӣ - пажӯҳишии Академияи илмҳои тиббии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ (дар Москва) ординатураи клиникии мақсаднокро ба итмом расонд ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои кардиомиопатияи гипертрофӣ дар кӯдакон» рисолаи номзадӣ дифоъ кард. 
Аз рӯзҳои нахустини ба кор шурӯъ кардан дар кафедраи  бемориҳои кӯдаконаи №2 - и ДДТТ худро чун мутахассиси пурғайрат нишон дод. Бо ҷасорату матонат илму амалро маҳкам дошта, дар таълиму тарбия низ марди ҷиддӣ ва серталаб буд. Шогирдонаш ҳанӯз ҳам бо меҳр аз ӯ ёд карда, гоҳо бо таассуф мегӯянд: «Чунин устоди сахтгиру дилсӯз дигар кай меояд..?»
- Дилсӯзии ӯ ба беморон яке аз хусусиятҳои вижаи Барот Ҳайдаров буд. Ҳаргиз он касро бекор намедидем. Ҳама аз ӯ ҳамчун мутахассиси чашмикордон ва ботаҷриба умед доштанд, маслиҳату  машварати ӯро ғанимат медонистанд, - мегӯяд ҳампешаи мавсуф Илҳом Эшонов.
Тавре ҳамкорон иброз доштанд, мардум барои саломатии кӯдаконашон Бароти табибро гоҳ ба Суғду Хатлону Бадахшон ва гоҳе ба кишварҳои хориҷӣ мебурданд. 
- То ҷое, ки ман огоҳам, дар кишвари мо мутахассисе чун Барот Ҳайдаров дар соҳаи тибби атфол бисёр камчин аст. Ӯ ба ҳама паҳлуҳои ин соҳа сарфаҳм мерафт. Табибро ҳамеша дар иҳотаи беморон медидем. Китобҳои дар ин самт навиштааш ҳамеша зарурист, зеро то ҳозир барои донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ ва коллеҷу факултетҳои тиббӣ мисли китобу дастурҳои таълимии ӯ таълифоте ба вуҷуд наомадааст. Ҳарчанд ӯ дили касалманди тифлонро табобат мекард, аммо худаш аз бемории дил ҷон ба Ҷонофарин супурд, - изҳор дошт Шамшод Музаффаров, аспиранти ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино.
Маҳмадшо Гулзода, ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино зимни суҳбат афзуд, ки: “Барот Ҳайдаров, воқеан ҳам, аз табибони номдори мо дар соҳаи бемориҳои атфол буд. Бо дили пур мегӯям, ки донишгоҳ барои ному осори ӯ гӯшае таъсис медиҳад”.
Барот Ҳайдаров дар умри бобаракати хеш даҳ китоб, сад мақолаву фишурдаҳои илмӣ ва дастурамалҳои таълимӣ – методӣ таълиф кардааст. Агар осори ӯ бо таҳриру такмил нашр шавад, басо судманд хоҳад буд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2020    №: 103    Мутолиа карданд: 624
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед