logo

маориф

МАОРИФ. ҲАНӮЗ ҲАМ МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ ЗИЁД АСТ

Мусаллам аст, ки дар замони муосир таҳкурсии асосии иқтидори ҳар як давлатро сатҳи илму маориф ва дар асоси он пешрафти технологияҳои замонавӣ муайян мекунанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарбияи насли навраси бо замона ҳамқадам пайваста талош меварзад.
Дар ин раванд, хоса иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути паёмҳои ҳамасола пешниҳод мешаванд, ба пешбурди соҳаи илму маориф дар ҷумҳурӣ такони тоза мебахшанд.
Вале, бо вуҷуди саъю талошҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам дар соҳаи маориф баъзе мушкилиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, таҳлили вазъи имрӯзаи дастрасии кӯдакон ба таҳсил ва натиҷаҳои мониторинги фаъолияти чанде аз муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак нишон медиҳад, ки нарасидани ҷойҳои нишасти таълимӣ барои кӯдакон ҳалли пурраи худро наёфтааст. Мушкилии мазкур на танҳо дар муасисаҳои таҳсилоти умумӣ, балки дар муассисаҳои томактабӣ, хусусан, дар деҳоти мамлакат низ ба назар мерасад.
Таҳсилоти томактабӣ аввалин ва яке аз зинаҳои муҳим дар таълиму тарбияи кӯдакон ба шумор меравад ва он барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон нақши калон дорад. Аз ин лиҳоз, дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020 мавриди амал қарор доранд.
Барномаи зикршуда имкон медиҳад, ки соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ватандӯст дар пешбурди соҳаи илму маорифи Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Тавре Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд, соли 2019 аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст ва бо маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.
Дар ин ҷода, иқдоми навбатии Пешвои миллат оид ба сохтмони як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш дар ҳар деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд дар давоми даҳ соли оянда хеле саривақтӣ мебошад.
Сарвари давлат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки барои омӯзиши илмҳои муосир донистани ақаллан 2 забони хориҷӣ хеле зарур аст. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи алоҳида ҳам роҳандозӣ шудааст. Таҳлили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ нишон медиҳад, ки талабот ба муассисаҳои таълимашон бо забони русӣ зиёд аст.  Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди забони русӣ чораҳои дахлдор меандешад. Ба имзо расидани созишномаи байни Тоҷикистон ва Россия оид ба бунёди 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо таълиму тарбия бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷумлаи чунин тадбирҳост.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки “муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд”.
Итминони комил дорем, ки иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон баён шуданд, дар қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ҳамовозӣ пайдо намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон, мусоидат менамоянд.

А. СОДИҚОВ, 
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2020    №: 103    Мутолиа карданд: 2283
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед