logo

иқтисод

БМТ. ПАНДЕМИЯ ВА ТАДБИРҲО ОИД БА АФЗОИШИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ

Вобаста ба вазъи паҳншавии коронавирус дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳиссаи пардохти ғайринақдӣ метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад, - пешгӯӣ кардаанд мутахассисон. Масалан, аз сабаби паҳншавии сироят русҳо ҳарчи бештар пардохтҳои ғайринақдиро интихоб мекунанд. Ду омил ба ин мусоидат кард: эътимоди истеъмолкунандагон ба пардохт тавассути воситаҳои бетамос дар ҳолати пандемия ва афзоиши фармоиш дар интернет. Мувофиқи ҳисобҳои охири Бонки марказии Федератсияи Россия, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар савдои чакана, аллакай 63 фоизро ташкил медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан, таносуби амалиёти нақдӣ ва ғайринақдӣ 91,3 ба 8,7 фоизро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони ватанӣ ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳоли зиёдшавӣ қарор дорад. Бино ба гуфтаи онҳо, илова ба таъсири коронавирус, солҳои оянда ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бинобар рушди низоми пардохтҳои бетамос афзоиш хоҳад ёфт. Алҳол дар марказҳои савдову мағозаҳои калон POS-терминалҳо барои қабули кортҳои пардохтӣ мавҷуданд. Ҳамёнҳои электронӣ, интернет - бонкинг, бонкдории мобилӣ ва интиқоли фаромарзии маблағҳо ба ҳамёнҳои электронӣ ба рушди тиҷорати онлайнӣ таъсири мусбат мерасонанд. Инчунин, амалиёти “Cash back”, яъне баргардондани маблағи муайян ба муштарӣ дар мавриди пардохти ғайринақдӣ, аксияҳои бурднок, бонусҳо, пешниҳоди фоиз ба бақияи суратҳисоби кортҳои пардохтӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.
Дар самти рушди пардохтҳои байналмилалӣ низоми пардохтии байналмилалии Visa меъёри ҳаҷми маблағи амалиётҳоеро, ки тавассути кортҳои бетамос, бе ворид намудани рамзи PIN (Personal identification number – рақами мушаххаскунандаи фардӣ) анҷом дода мешуданд, дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар намуд. Яъне, дорандагони кортҳои Visa дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ бе вориди рамзи PIN ба маблағи то 500 сомонӣ харид карда метавонанд.
Бонки миллӣ бо мақсади дастгирии низоми бонкӣ ташкилотҳои қарзии молиявиро аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ барои ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ тавассути Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо ва Низоми автоматишудаи бонкӣ амалишаванда, инчунин иштирок дар Низоми пардохтии миллии “Корти миллӣ” ва низоми пардохтии байналмилалии VISA дар моҳҳои апрел – августи соли ҷорӣ озод намуд. Ин тадбир ба бонкҳо имкон медиҳад, хизматрасонии мувофиқро ба мизоҷон ташкил кунанд ва ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ зиёд карда шавад.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед