ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ДИПЛОМ ВА ШАҲОДАТНОМАИ ҚАЛБАКӢ
Директори мактаб ва ҳамдастонаш ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Ҳусейн Қаюмов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 - и ноҳияи Деваштич, дар фурӯхтани дипломи омӯзишгоҳ ва шаҳодатномаи хатми мактаб бо ду ҳамдасташ айбдор мешаванд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намудааст, ки Ҳусейн Қаюмов дар асоси маслиҳати пешакӣ бо омӯзгори МТМУ № 2 – и шаҳри Истаравшан Фатулло Маҷидов ва шаҳрванд Нодир Бобоев моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ш. Ҷӯразода 5000 сомонӣ гирифта, ба ӯ шаҳодатномаи қалбакии хатми мактаб додааст.
Инчунин, директори мактаб ва Н. Бобоев бо ҳамин усул ба фурӯхтани дипломи қалбакӣ низ даст задаанд. Онҳо аз шаҳрванд Ш. Ҷӯразода барои ба номи шиносаш – Б. Ғаффоров омода карда додани дипломи хатми омӯзишгоҳи касбии шаҳри Исфара 4000 сомонӣ гирифтаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Ҳ. Қаюмов, Ф. Маҷидов ва Н. Бобоев бар асоси моддаи 247 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
БАРҚФУРӮШИ МАРДУМФИРЕБ
Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи нозири барқ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нисбат ба собиқ назоратчии шабакаҳои барқи ноҳия Улуғбек Бегиҷонов тибқи талаботи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ - 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 247 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки номбурда бо вуҷуди аз кор хориҷ шуданаш, ҳамоно худро назоратчии фурӯши барқ муаррифӣ намуда, даст ба мардумфиребӣ задааст. У. Бегиҷонов асосан ба боварии муштариёни маишӣ (хоҷагидороне, ки аз пойгоҳи обкашӣ истифода мекунанд) даромада, бо ваъдаи мусоидат кардан дар пардохти камтари неруи барқи истифодашуда нисбат ба нишондоди ҳисобкунаки барқӣ маблағҳои онҳоро гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.
Манбаъ таъкид мекунад, ки ӯ қаблан зимни фаъолият дар шабакаҳои барқ ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ҳоло дар робита ба амалкарди ахираш 16 аризаи шаҳрвандони зарардида дар дасти тафтишот аст.
ДУЗДӢ
Гумонбар баъд аз чор моҳ ба дасти милитсия афтод
Кормандони милитсия марди 43 – солаеро ба гумони дуздӣ боздошт намуданд, ки чор моҳ қабл даст ба ин кирдори номатлуб задааст.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар дод, гумонбар сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, моҳи январи соли 2020 бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ «Дуоб», ки ба марди 44 - сола тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 30 ҳазор доллари амрикоӣ ва 40 ҳазор сомониро дуздидааст.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.06.2020 №: 104 Мутолиа карданд: 1159