logo

фарҳанг

МАРДИ РАҲ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ УМАРИ ШЕРХОН

Роҳҳо на танҳо манзилҳоро ба ҳам мепайванданд, балки инсонҳоро ба азизонашон расонда, ба кӯйи мурод раҳнамоӣ менамоянд. Роҳи тайнамудаи адиб ва публитсисти шинохтаи кишвар Умари Шерхон ҳам дилҳоро мепайвандад ва ҳам манзилҳоро.
Мавсуф дар деҳаи Кавракли (ҳоло Нурбахши) ноҳияи Данғара ба дунё омад. Аз кӯдакӣ ба сухан меҳри беандоза дошт ва бо зеҳну хотираи гиро таваҷҷуҳи атрофиёнро ба худ ҷалб мекард.
Бо иродат роҳ сӯи шаҳри адабпарвару фарҳангофарини Душанбе гирифт. Барои ӯ, ки ҳоло дар шаҳр на касе дошту на касе варо мешинохт, роҳ ба  сӯи маърифат ҳамвор набуд. Вазъи оилавиашон низ имкон намедод, ки ба қавли худаш, ҳамеша ба гардани падар бор шавад. Аз ин сабаб, таҳсилро дар   бахши журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) бо фаъолият дар Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии Душанбе тавъам идома медод. Дар ҳамин коргоҳ шахсияташ ташаккул ёфта, маҳорати роҳбариаш аён гашт. Ин боис шуд, ки чандин сол дар яке аз идораҳои бонуфузи он давра - Кумитаи назорати халқии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дошта бошад. Таҷрибаи андӯхтааш дар ин идораҳо ҳангоми кор дар вазифаҳои дигар низ ба кор омад. Аз ҷумла, чандин сол ба ҳайси  корманди масъули котиботи Сарвари давлат дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Аз моҳи майи соли 1997 муовини директори Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» аст.
Вале ҳар куҷое, ки набошад, бо сухан буд ва бо рӯзномаву маҷаллаҳо робитаи наздик дошт.
Нигоштаҳои Умари Шерхон аз ибтидои солҳои 70 - уми асри гузашта дар расонаҳои даврӣ ба табъ мерасанд. Ба мавзӯъҳои маънавӣ ва адабиву фарҳангӣ мароқи вижа дорад. Аз ин ҷост, ки миёни хонандагон ва ҳамкасбон ҳамчун публитсисти чирадаст шинохта шудааст. Чанд сол аст, ки Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистонро сарварӣ намуда, дар рушди ин бахши басо муҳими адабӣ нақши созгор дорад.
Номбурда дар соҳаи матбуот шахси шинохта аст. Агар насли калони журналистон наздаш барои дарди дил кардан оянд, навқаламон барои маслиҳат ба дафтари кориаш сар мезананд. Таҷриба ва малакаю маҳорати касбиашро ба назар гирифта, чандин сол ӯро раиси комиссияи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузиданд. Дар ин солҳо аксари журналистони хушсалиқаи ҷумҳурӣ соҳиби ин ҷоиза гаштанд. 
Дар баробари очерку мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ ҳикояҳои ҷолиб низ меофарад. Намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои «Кохи ҳунар», «Гурд», «Омад», ««Таҳамтан» (ҳамроҳи Ҷ. Аҷиб), «Асил», «Данғара», «Давлатманд», «Тораҳои хаёл», «Валӣ», «Сипос», «Мурод», «Ваҳдатовар» (ҳамроҳи Н. Абдулваҳҳоб) «Пурдил» ва «Шуд он замона…» чоп шудаанд. Миёни нигоштаҳояш асарҳои «Данғара» ва «Пурдил» мақоми хос доранд. Чунин корҳои маҷмӯиро дар дигар кишварҳо гурӯҳи калони мутахассисон ва пажӯҳишгоҳҳои махсуси соҳавӣ ба итмом мерасонанд. Яке аз ҳамкорони хориҷии мо асари «Пурдил» - ро хонда, бо шавқ онро қомуси мукаммали Ҷанги Бузурги Ватанӣ номид.
Ҳамеша аз рафти ҳаёти адабӣ ва фарҳангии кишвару ҷаҳон воқиф буда, дар бораи санъати тоҷик ва пешаварони мумтози он силсилаи зиёди мақолаҳо офаридааст. Агар маводи аз ин боб офаридаи Умари Шерхонро ҷамъ оварем, чандин ҷилд китобро ташкил дода, саҳифаҳои норавшани фарҳангу ҳунари миллатамонро равшан хоҳем кард. 
Мавсуф яке аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» буда, довару раҳнамои аксари чорабиниҳои ин рӯзномаи таърихист. 
Хизматҳои шоёнаш дар рушди фарҳангу маънавиёти миллатамон бо ордени «Дӯстӣ», медалҳои «100 - солагии матбуоти Тоҷикистон», «75 - солагии Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, нишонҳои фахрии Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанги кишвар қадр шудаанд.
Сухан тақдир ва роҳи зиндагии ин сарсупурдаи хешро муайян намуда, аз як деҳа ба шаҳр оварду аз як ҷавони пурғайрат ба як чеҳраи шинохтаи фарҳангӣ табдил дод.

«ҶУМҲУРИЯТ» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2020    №: 105    Мутолиа карданд: 1257
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед