logo

ҳуқуқ

COVID -19. ВКД ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН НАҚШИ ФАЪОЛ ДОРАД

Воқеан, ба рағми пешбиниҳои нотавонбинони гурӯҳу доираҳои фурсатталаб ва ҳангомаҷӯ Ҳукумати мамлакат зарфиятҳоеро ба кор андохт, ки дар муддати кӯтоҳ хуруҷи вируси ҳамагири COVID-19 пешгирӣ ва гирифторони маризӣ сари вақт табобат шуданд. Хушбахтона, дар мубориза бо ин вабо тамоми сохторҳо дар пайравии Пешвои муаззами миллат вориди корзор шуданд ва ҳар кадом дар пешгирӣ ва коҳиши маризӣ нақше гузоштанд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун ниҳоди калидии ҳифзи ҳуқуқ дар сафи пеши мубориза бо COVID-19 қарор гирифт.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали расман сабт шудани беморӣ дар ҷумҳурӣ вазорат аз ҳисоби кормандони худ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, бо шаҳрвандон дар манзилҳои истиқоматиашон дидору вохӯриҳо доир карда, оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва худдорӣ намудан аз гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд ва ин амал то ҳол идома дорад.
Ҷиҳати поксозӣ ва безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар  шуъбаи махсуси карантинии милитсияи ВКД дастаҳои тамйизкунӣ ташкил шудааст, ки дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, хиёбону гулгашт, боғу майдонҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз маҳлулҳои биохимиявӣ чорабиниҳои безараргардонӣ доир намуда истодаанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби кормандони шуъбаи мазкур, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО), Дастаи таъйиноти махсуси милитсия (ДТММ), Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва кормандони дигар ҷузъу томҳо гурӯҳҳои доимоамалкунанда таъсис ёфтаанд, ки ҳамарӯза дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ тавассути воситаҳои нақлиёти махсус ва таҷҳизоти зарурӣ бо истифода аз моддаҳои биохимиявӣ чорабиниҳои безараргардонӣ доир менамоянд.
Ҳамарӯза воситаҳои нақлиёти махсуси СХДО ва ДТММ бо ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ ва моддаҳои поксозиву безараргардонӣ муҷаҳҳаз гардида, барои поксозии майдонҳои истироҳатӣ роҳраву гулгаштҳо сафарбар мегарданд. Кормандоне, ки ба гурӯҳҳои доимоамалкунанда  шомиланд, бо либосу дастпӯшҳои зарурӣ ва моддаҳои кимиёии безараргардонӣ таъмин карда шудаанд. Чорабиниҳои кимиёии пешгирикунандаи зидди бемории коронавирус шабонгоҳ анҷом дода мешаванд, то ки истироҳат, сайру гашт ва фароғати шаҳрвандон халалдор нагардад.
Инчунин, дар корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии вазорат дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз аз ҷониби кормандони ин корхона зиёда аз сад ҳазор ниқоби муҳофизатӣ дӯхта ва ба мавзеъҳои карантинӣ ирсол гардидааст. 
Дар пайравӣ ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ 50 дарсади моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 гузаронданд.
Дармонгоҳи тиббии вазорат бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавии ташхиси бемориҳои сироятӣ таъмин аст. Табибони дармонгоҳ хизматрасонии тиббиро шабонарӯзӣ бо таъмини дорувориҳои хушсифат ба роҳ мондаанд. Онҳо дар навбати худ бо маоши иловагӣ, се вақт хӯроки гарм, меваю  сабзавот, либосҳои махсуси зиддисироятӣ, дастгоҳҳои либосшӯӣ ва ҳуҷраҳои алоҳидаи хоб таъминанд ва дар ҳолати хуби омодагӣ қарор доранд.
Бо супориши вазири корҳои дохилӣ барои беҳтар ва сари вақт анҷом додани хизматрасониҳои тиббӣ иловатан ба раёсати тиббӣ се  автомашинаи сабукрави хизматии тиббӣ дастрас  шуд.
Ҳадаф аз чорабиниҳои мақсадноки вазорат он аст, ки пеши роҳи паҳншавии ҳамагуна касалиҳои сироятӣ минбаъд низ гирифта шавад.
Дар ин бора Нусратулло Маҳмадзода, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милитсия, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2020    №: 105    Мутолиа карданд: 996
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед