logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

ФИЛВОРДИ «ҲУҚУҚӢ»
Дар филворди навбатӣ исми шохаи ҳокимият, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ ҷой дода шудааст. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи Муинҷон ХОЛИҚОВ, сокини ноҳияи Айнӣ


ҶАВОБ  БА ЧАЙНКРОССВОРДИ «ҲАЛҚАБАНД» АЗ 29 МАЙИ СОЛИ 2020
1. Артамонов. 2. Вилоят. 3. Танга. 4. Асирӣ. 5. Иҳом. 6. Молекула.  7. Аминона.  8. Акула.  9. Алпомиш.  10. «Шаҳрошӯб». 11. Бас-такор.  12. «Раҳовӣ».  13. Истанбул.  14. Лена. 15. Аср. 16. Рӯдоба. 17. Аъмо. 18. Остона. 19. Акбар. 20. Русто. 21. Остин. 22. «Нива». 23. Асал. 24. Ладога. 25. Аниса.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Онҳо саҳарии рӯзҳои корӣ гоҳо бо амри тасодуф дар истгоҳи хурдакаки назди ҳавлии духтар вомехӯрданд. Бо сарҷунбонӣ ва рафту агар ба ҳам илтифоте кунанд, лабҳо андаке моили табассум, табассуми боэҳтиёту шукӯҳманде, салом мегуфтанд. Ҳамааш ҳамин.

* * *
Сунбул ба ҳавои хуши таннози ту рақсад,
Булбул ба ҳавои найи пурнози ту рақсад.
Ин чист, ки то нола зи нойи ту барояд.
Ҷон хезаду мастона ба овози ту рақсад.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 29 майи соли 2020
Сотим Улуғзода
Ашур Сафар

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули  рубрика  ЗУЛОЛА  БОБОРАҶАБОВА


ПАНДЕМИЯ
ОСИЁБИ ҲАЗОРСОЛАРО ДУБОРА БА КОР АНДОХТ
Бо сабаби он ки дар Британияи Кабир талабот ба орд аз пешина дида, зиёд гардид, осиёби обии 1000 - сола баъд аз 50 сол дубора ба кор шурӯъ кард. Осиёб дар соҳили зебоманзари дарёи Стор аз соли 1016 инҷониб қарор дорад. Соли 1970 онро ба осорхона табдил доданд. Он тариқи турбинаи обӣ, ки соли 1904 насб шудаву дорои 25 қувваи асп мебошад, ба кор медарояд. Бо сабаби он ки осиёб таърихи беш аз 1000-сола дорад, мизоҷон ордро дар бастаҳои алоҳида, ҳамчун армуғон харид менамоянд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


COVID – 19. БОЗ ЯК УСУЛИ МАҲВ
Бино ба иттилои АИР «Новости», мутахассисони  Институти физикӣ - энергетикии  ба номи Лейпунскийи Федератсияи Россия усули ҷолиберо ҷиҳати табобати коронавирус  коркард карданд - ба воситаи  нурҳои ултрабунафш тоза кардани шушҳо.  Олимон ин лоиҳаро   алҳол  «Гази нурафкан» номидаанд. Қаблан ба касе муяссар нагардида  буд, ки  ба воситаи  нурҳои  улт-рабунафш дохили бадани инсонро тамйиз кунад, вале мутахассисони институт тавонистанд, роҳи ҳалли онро пайдо кунанд. Олимон молекулаҳо ва ҷузъҳои газеро интихоб менамоянд, ки ҳангоми нафаскашӣ  фаъол бошанд ва замони нафас гирифтан нурҳои ултрабунафшро бевосита ба шуш равона созанд. Усули нав  имкон медиҳад на танҳо COVID-19, балки бемориҳои  сили шуш, саратони шуш ва бемориҳои дигар низ  табобат ёбанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан табиби тоҷик Ниёз Одинаев дар матлабе ба «Ҷумҳурият» навишт, ки «табиати COVID-19 муҳити хушкро намепазирад ва дар муддати 15 дақиқа аз нурҳои ултрабунафш нобуд мешавад».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
Лутфи Эйнштейн
Боре шоҳи Белгия Алберт Эйнштейни машҳурро ба як пиёла чой даъват кард. Баъди хӯроки шом дарбориён барои меҳмонони олиқадр базми шоҳона оростанд, ки дар он, аз ҷумла худи малика маҳорати ғижжакнавозиашро манзур намуд.
Эйнштейн, ки худ мутриби чирадаст низ буд, дасти маликаро бӯсида чунин лутф кард:
- Шумо олиҷаноб навохтед, фикр мекунам, ҳама мафтун шуданд. Шахсан ман худам ҳайронам, ки бо чунин истеъдоди худодод ҳамин малика будан ба шумо чӣ даркор?
 Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҚОНУНИ ҒАЙРИОДӢ
Дар Австралия танҳо ба мутахассисони барқчӣ иҷозат аст, ки лампаи барқиро иваз намоянд. Яъне, агар дар хонаи шумо лампаи каммасраф сӯзад (корношоям), бояд устои барқро даъват намоед. Қонунгузорӣ муайян кардааст, ки агар мутахассиси соҳа набошед ва мехоҳед лампаи манзили худро иваз намоед, шуморо даҳ доллар ҷарима мекунанд.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


ДИАЛ
ДАРЁЕ, КИ БА  ҚАТЛ МАҲКУМ ШУД
Дарёи Диал, ки аз ҳудуди Ироқ мегузарад, ягона рӯдест, ки ба «қатл» маҳкум шудааст. Ҳукми нобудсозии дарё дар пайи ғарқи аспи сафеди шоҳи форс – Кир, ки онро муқаддас мешумурданд, содир шудааст. Дертар ҳукми қатли дарё, ки аспи шоҳ дар он ғарқ шуд ба иҷро даромад. Шоҳ аз ғояти ғазаб ба тобеонаш амр кард, ки садҳо канал кананд, оби дарёро аз соҳил берун кашанд. Об ба каналҳо ҷорӣ шуд ва дарё хушк гардид. Ҳамин тавр, ба қавле  шоҳ қасосашро аз дарё гирифта, ҳукмашро амалӣ мекунад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ҚОИДАСИТЕЗӢ ДАР РОҲ  Ё ЗӮРГӮИИ СУДЯ АЗ ПУШТИ ЧАНБАРАК
Пол Уэнделли 37 – сола дар шоҳроҳи Техас ба рафтори булаҷабона бархӯрд. Ба ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд ронандае хост Уэнделлро маҷбуран боздорад, дар ҳоле ки дар ин қисми шоҳроҳ нигоҳ доштани мошин  қатъиян манъ буд. Вай ба тарафи Пол банан партоб кард, сипас, тапончаро ба даст гирифту бо ишора фаҳмонд: наистӣ, мепарронам! Уэнделл аз тарс телефонӣ ба пулис хабар дод. Пулисҳо ронандаи авбошро дастгир карданд, вале баъд аз он ки қонуншикан ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод кард ҳайратзада шуданд. Ронандаи шӯрапушт судяи минтақавии ҳамсояшаҳр будааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


АСРОРИ ПӮШИДАИ ЯК САДАМА 
Мошини прокурор ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба бинои китобхонаи шаҳрӣ бармехӯрад. Нозири Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҷойи ҳодиса муайян мекунад, ки сабабгори ин садама на прокурор, балки меъморони китобхона будаанд. Санади тартибдодаи ӯ бо он асоснок мешавад, ки дар вақти сохтмон меъмор берун аз нишондоди лоиҳавии иншоот онро ним метр ба пеш баровардааст. Дар асоси ин санад китобхона вазифадор шудааст, ки ба прокурор ҷубронпулӣ супорад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
24. КОЛУМБ ҲАМ ХАТО КАРДА БУД
Соли 1492 Христофор Колумб уқёнуси Атлантикаро убур карда, то соҳилҳои Амрико расид, ҳарчанд ӯ фикр мекард, ки барои тиҷорат бо Ҳиндустон роҳ кушодааст. Гузашта аз ин, ҳамроҳони Колумб, албатта нофаҳмида, бо худ бемориҳои сироятиеро «савғо» оварданд, ки мардуми таҳҷоӣ то ин вақт ёд надошт. Ва табиист, ки системаи муҳофизаи бадани онҳо (иммунитет) барои мисол бо бемории нағзак ё гул (оспа) қуввати мубориза бурданро надошт. Бар асари ин беморӣ, ки меҳмонони нохонда бо худ оварданд, оммаи васеи мардуми таҳҷоӣ ҷонҳои худро бохта, номашон аз рӯи замин ба нестӣ рафт.

25. НАФТРЕЗӢ ДАР ОБ
20 апрели  соли  2010 дар  халиҷи  Мексика манораи  нафтии корпоратсияи «Бритиш Петролеум» («British Petroleum») таркид. Бар асари ин ҳодиса қариб 5 миллион баррел нафт аз чоҳ ба оби уқёнус рехт ва ҳудуди 176 100 метри мураббаъро заҳролуд намуд. Ҳодисаи баамаломада, ки миллионҳо моҳиву сангпушт ва дигар мавҷудоти обиро ба коми нестӣ бурд, дар зоти худ калонтарин фалокати таърихӣ маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавем, ки, ҳамчунин, як фалокат соли 1979 дар ҳудуди халиҷи  Кампече ба вуқӯъ пайваста, 3,3 миллион баррел нафтро ба об андохта буд.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


13,8 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҚИМАТИ ҶОНИ БЕТТИ БУЛЛОКИ СИГОРКАШ
Ҷоди Буллок, духтари Бетти Буллок, ки соли 2003 дар ИМА аз бемории саратони шуш вафот карда буд, ширкати истеҳсоли тамоку «Филип Моррис»-ро (Philips Morris) ба додгоҳ кашид. Даъвогар сабаби марги Беттиро аз истеъмоли тамоку ё сигоркашӣ медонист. Ба гуфтаи ӯ модараш аз 17 – солагӣ  ба он одат карда буд ва дар синни 64-солагӣ аз ин «беморӣ» даргузашт.
Аввалин парвандаи судӣ соли 2001 оғоз ёфт ва соли 2002 аз ширкат талаб карда шуд, ки ба маблағи рекордии 28 миллиард доллар ҷарима пардохт кунад. Баъдтар судя ин маблағро ба 28 миллион доллар кам кард. Соли 2008 додгоҳи кассатсионӣ қарори пештараро лағв карда, парвандаро ба тафтишоти нав равона месозад.
Ниҳоят, Ҷоди муваффақ шуд, ки бо ёрии суд аз ширкати истеҳсоли тамоку ба маблағи 13,8 миллион доллар ҷарима ситонад.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА


ХИМИКИ БУЗУРГ 
ДАР ВА БЕ НОХУНАК
Ҳангоми дар пансиони хусусӣ хонданаш Александр Бутлеров яке аз рӯзҳои соли 1837 сабаби таркиш дар таҳхона шуд. Танҳо баъд аз ин ҳодиса ҳама дарк карданд, ки Сашаи химиядӯстдор аз устодон пинҳонӣ дар таҳхонаи пансион лаборатория сохта будааст. «Кашшоф»-и бечораро барои ин гуноҳаш чанд рӯз дар  картсер ҳабс намуданд. Баъди адои ҷазо, вақте ӯро ба синфхона оварданд, дар гарданаш тахтаи чоркунҷаи калон овезон буд, ки чунин навиштаҷоти тамасхуромез дошт: «Химики Бузург». Инро дида, ҳама баробар ба ҳоли Саша хандиданд ва ҳам бо ишораи ангушт ӯро масхара карданд...
Вале толеи ин ҷавон, аниқтараш Александр Михайлович Бутлеров ба ҳар ҳол баландӣ карду дар асл ҳамчун олими химик ном баровард. Балки Химики Бузург ва, албатта, ин дафъа бе нохунак!
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


МОНАНДӢ АЗ ҚАЗО
БАҲС ДАР МИЁНИ БАНДАҲО
Аллен Ҳеккард, сокини Портленди ИМА, яке аз беҳтарин  баскетболбозони ҷаҳон - Майкл Ҷордан ва асосгузори ширкати Nike Фил Найтро ба додгоҳ кашид. Ӯ Майклро дар он айбдор мекунад, ки варзишгар ба вай зоҳиран хеле монандӣ дорад. Ширкати Найт бошад, ба воситаи реклама баскетболбозро ба чеҳраи саршинос табдил додааст.
Ба ақидаи Ҳеккард, гӯё шабеҳӣ бо Ҷордан ҳаёташро хароб кардааст, зеро  тӯли 15 соли охир, қадаш аз варзишгар 15 сантиметр паст ҳам бошад, бисёриҳо ӯро аз баскетболбози дастон фарқ намекунанд.  Аҷоибии кор дар ин ҷост, ки Аллен мисли Ҷордан пайваста  сарашро тарошида, дар гӯши чапаш гӯшвор меандозад ва дар ҳавои кушод ба баскетболбозӣ машғул мешавад.
Аллен даъво дорад, ки монандӣ бо Майкл ба ӯ зарари рӯҳиву равонӣ расондааст. Барои ин аз додгоҳ рӯёндани 832 миллион доллар ҷубронпулӣ талаб дорад, ки бояд 50 дарсадашро ширкати  Nike ва нисфи дигарашро Майкл Ҷордан пардохт намояд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ТАБИБИ РӮҲИ ИНСОН
Агар гӯем, ки нависандаи машҳури рус Антон Павлович Чеховро илми тиб ба майдони адабиёт овард хато намешавад. Ӯ, ки бо хости модараш ба факултети тиббии Донишгоҳи Москва дохил гашта буд, барои идомаи таҳсил танқисии моддӣ кашида, ба фелетону қиссанависӣ пардохт. Ҳамин тавр, соле то 200 мавод нашр карда, аз ҳисоби ҳаққи қаламаш ҳам таҳсилро давом медоду ҳам саробони оила буд. Ниҳоят, соли 1884 донишгоҳро хатм карда, ба кор даромад, аммо домони наср дар кафи даст дошт. Ҳамин муҳаббат ба сухану эҷод Чеховро ғаввоси баҳри сухан кард, ки имрӯз бо асарҳои мондагораш рӯҳи инсонро табобат мекунад. 
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


ТОП 10. ШАҲРҲОЕ, КИ БО ШУМОРАИ ЗИЁДИ БИНОҲОИ ОСМОНБӮС МАШҲУРАНД
ЧИКАГО
Чикаго сеюмин шаҳри калони ИМА буда, аҳолиаш зиёда аз 2,7 миллион мебошад. Шаҳр бо санъати меъмориаш машҳури олам аст. Чикаго дорои беш аз 1270 иншооти баландошёна аст, ки 117 бинояш осмонбӯс аст.
Чикагоро ватани биноҳои баланд медонанд. Бинои ширкати суғуртавӣ, ки соли 1884 сохта шудааст, аввалин бинои осмонбӯс ба ҳисоб меравад.
Имрӯз манораи Уиллис бо баландии 442 метр баландтарин иншооти шаҳр шинохта мешавад, ки соли 1974 бунёд шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР


«РАМЗИ БАШАРИЯТ»
САДОҚАТИ ФАРЗАНДЕ, КИ ВУҶУДИ ИНСОНҲОРО ТАКОН ДОД
Соли 2018. Акси Муҳаммад Аюб аз Мянма, ки падару модари барҷомондаашро дар ду сабад рӯи шонаҳои худ гирифта, то паноҳгоҳи гурезагон овард, қалби миллионҳоро реш - реш кард. Баъд аз нашри аксаш дар  интернет Муҳаммад «Рамзи башарият» ном гирифт. Ӯ ҳафт рӯз пои бараҳна аз миёни кӯҳҳо, ҷангалҳо ва ботлоқ гузашта, бо ранҷи зиёд волидонашро ба ҷои амн расондааст.
- Аскарони Бирма хонаҳоро оташ мезаданд, занонро таҷовуз ва мардуми бегуноҳро мекуштанд. Аз ин рӯ, тарки Ватан ягона роҳи наҷоти мо буд, - гуфтааст Муҳаммад дар суҳбат бо расонаҳо.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
5 (2). Йозеф Шумпетер (1883 - 1950)
Мафҳумҳои «навгониҳои истеҳсолӣ» ва «инноватсия»-ро аввалин бор Шумпетер истифода бурд. Ба андешаи Шумпетер, ҷамъоварии сармоя на раванди рушди бетанаффусу доимӣ, балки ҷаҳишест, ки ба навгониҳои техникӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ асос ёфтааст. Истифодаи усулҳои нав бозистии (бекорхобии) истеҳсолотро барҳам мезанад. Барои суд гирифтан рақобати нав (маҳсулоти нав, технологияи нав, шаклҳои истеҳсолию сарчашмаҳои  маблағгузории нав) назар ба рақобати нархию сифатӣ аҳамияти бештар дорад. Дар пайи истифодаи навгониҳо ва инноватсия тавозуни истеҳсолӣ аз вазъи пешина якбора (бо ҷаҳиш) ба  раванди истеҳсолии сатҳи баланд мегузарад. Дар ҳамин замина рушди  иқтисодӣ характери даврӣ (силсилавӣ) пайдо карда, системаи иқтисодии нав ташаккул меёбад.
Китоби машҳуртарини Йозеф Шумпетер, ки дар он таълимоти иқтисодиашро баён кардааст, «Капитализм, сотсиализм ва демократия» мебошад.
Ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ савганд ёд карда буд, ки иқтисоддон, ошиқ ва  аспсавори беҳтарини империя мешавад, аммо дар бузургсолӣ таассуф хӯрд, ки «аз ӯ аспсавор набаромад». Хизматҳояш арзанда қадр шудаанд.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


БАҲСИ ҶОНВАРОН ВА ҲУКМИ ШОҲИ ҶАНГАЛ
Дар бораи ранги алаф байни гургу маркаб баҳс шуд. Маркаб ранги майсаро нилӣ мегуфту гург сабз. Ниҳоят барои ҳақро ба ҳақдор расондан, назди шоҳи беша рафтанд.
Шер  сабаби  ихтилофро  фаҳмидан замон амр кард, ки гургро ба муҳлати як моҳ ба зиндон андозанд. Гург эътироз кард ва гуфт: - Магар алаф сабз нест? Охир, ин мисли он аст, ки шири сапедро сиёҳ гӯем.
- Бале сабз, аммо далели ҷазои ту баҳс бо маркаб аст. Сабақ шавад, то дигарбора бо нодону ҷоҳилон вориди баҳс нашавӣ!
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2020    №: 105    Мутолиа карданд: 918
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед