logo

иқтисод

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. ЭЪМОРИ ДУ КОРХОНАИ НАВ

Айни замон дар тамоми гӯшаю канори кишвари азизамон ба муносибати истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдгарӣ босуръат идома дорад. Дар ноҳияи Дарвоз низ дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ ду корхонаи нав – коргоҳи тавлиди хокаи санги мармар ва парки инноватсионӣ эъмор мегардад.
- Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бузурге  дар роҳи вусъат бахшидани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва саҳифаи наве дар муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамчунин, саноатикунонии босуръати мамлакатро Пешвои миллат дар  Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ чорумин ҳадафи стратегии миллӣ эълон карданд. Амалишавии ин мақсад  рушди иқтисодию иҷтимоии давлатамонро устувортар гардонда, ҷиҳати бо ҷои кор таъмин кардани аҳолӣ мусоидат менамояд, - изҳор дошт  Қосимӣ Диловар Абдулқодир, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия.
Тавре мавсуф иттилоъ дод, ташаббусу иқдомҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро соҳибкорони ноҳияи Дарвоз низ хуш пазируфта, дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ ба таҳияи лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар машғуланд. Ҳоло соҳибкорони меҳандӯстӣ ноҳия татбиқи ду лоиҳа – сохтмони корхонаи истеҳсоли хокаи санги мармар ва парки инноватсиониро оғоз намуда, кӯшиш доранд, ки онҳоро сари вақт ва бо сифати баланд амалӣ намоянд.
Корхонаи истеҳсоли хокаи санги мармар  дар кони мармари деҳаи Вишхарви ноҳия эъмор гашта истодааст. Айни ҳол корҳо дар таҳкурсии иншоот бомаром идома дошта, масъулон кӯшиш доранд, ки ҳангоми ба кор даромадани корхона дар он бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсоли  садҳо номгӯй маҳсулоти сохтмонии воридотивазкунандаро ба роҳ монанд.
Бунёдсозии парки инноватсионӣ бошад, дар мавзеи Дуробаки деҳоти Нулванд, дар масоҳати 1,5 гектар замини бекорхобида оғоз гардидааст. Он ба истиқболи Ҷашни умумимиллии 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз иншооти  калонтарини бунёдшавандаи ноҳияи Дарвоз маҳсуб меёбад. 
Парки мазкур аз чор коргоҳи истеҳсолӣ, бо хатҳои нави технологии пешрафтаи ҷаҳонӣ иборат аст. Корхона бо тарҳи муосир сохта шуда, истеҳсоли маҳсулот дар он бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи  аврупоӣ  ба роҳ монда мешавад. Дар  коргоҳ аввал коркард ва истеҳсоли асали манотиқи кӯҳистон дар зарфҳои гуногуну зебо, бо бренди хос ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. 
Бояд гуфт, ки соҳаи занбӯриасалпарварии ноҳияи Дарвоз солҳои охир рушд карда, садҳо соҳибкори инфродӣ солҳо боз мунтазири чунин корхона буданд.
Коргоҳи дуюми парки инноватсионӣ ба истеҳсоли ниқобу дастпӯшак, либосу айнакҳои махсуси  муҳофизатӣ барои табибон нигаронда шудааст, ки минбаъд метавонад муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоятро бо чунин лавозимоти тиббӣ  таъмин намояд. Дар коргоҳи сеюми корхона, ки сохтмони он низ бомаром идома дорад,  тавлиди маҳлулҳои мухталифи антисептикӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда мешавад. Дар корхона  навтарин таҷҳизоти технологӣ васлу насб  мегардад.
Коргоҳи чоруми парк аз ду гармхонаи дарозиашон 48-метра иборат буда, барои парвариши сабзавот нигаронда шуда, қарор аст,  ки дар чаҳор  фасли сол сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо сабзавоти тару тоза таъмин намояд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 50 меъмору мутахассиси ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва  Ишкошим идома доранд. Бинокорон ният доранд, ки то моҳи  августи соли ҷорӣ иншоотро  мавриди истифода қарор диҳанд, ки метавонад садҳо сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намояд.

Гулнисои САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2020    №: 107    Мутолиа карданд: 942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед