қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 8 июни соли 2020, № 320, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Табарзода Р. Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Табарзода Раҳматулло Ҳукуматулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2020 №: 107 Мутолиа карданд: 708