сиёсат
СУҲБАТИ ВИДЕОКОНФРОНСӢ БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ҶАҲОНӢ АННА БЙЕРДЕ
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде, ки дар қароргоҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳузур дошт, суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус - COVID – 19 - ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали бақайдгирии ин беморӣ дар Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз паҳншавии он дар кишвари мо кумакҳои молиявӣ ҷудо кард.
Ҷонибҳо оид ба паҳншавии бемории сироятии COVID – 19, ки аксари кулли кишварҳои оламро фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии он ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали бақайдгирии ин беморӣ чораҳои фаврию судманд амалӣ шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави сироятии COVID – 19-ро таъсис дод ва барои табобати ин бемории сироятӣ беморхонаҳоро бо садҳо кати хоб ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ ташкил намуд. Ҷараёни табобати беморон, вазъи беҳдошти беморхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мубталоёни ин беморӣ ва таъмини беморхонаҳо бо дору ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ҷараёни суҳбати видеоконфронсӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.06.2020 №: 108 Мутолиа карданд: 793