иқтисод
ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТИ МУРҒ ЗИЁД ШУД
Дар моҳҳои январ - майи соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти мурғ дар вилояти Хатлон ба 1227,2 тонна расонда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 523 тонна зиёд аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати афзоиш ёфтани шумораи корхонаҳои парвариши мурғи гӯштӣ тадбир меандешад. Аз ин ҷост, ки теъдоди чунин корхонаҳо дар вилоят ба беш аз 20 адад расид.
Истеҳсоли гӯшти парҳезӣ аз рӯйи талаботи стандартӣ ба роҳ монда шуда, танҳо дар ҶДММ «Мурғи Муъминобод» дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 5566,0 ҳазор сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 баробар зиёд мебошад.
Доир ба аҳамияти истеъмоли гӯшти парҳезӣ ва равғаннокиаш пасти чорво ва бо мақсади татбиқи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» пайваста миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Зеро афзоиши бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, бахусус фарбеҳӣ, аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад.
Тариқи телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят мунтазам ташвиқоти дурусти тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои фоиданок, зараровар будани истеъмоли зиёди хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газдори ширин, қандҳои одӣ ва намак, ки ба инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат мекунанд, ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар дод.
Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.06.2020 №: 108 Мутолиа карданд: 974