logo

ҳуқуқ

КИБЕРҶИНОЯТ. МУБОРИЗА БО ОН ДОНИШИ КОМИЛИ МУОСИРРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

Дар асри XXI пешрафту тараққиёти замонаро бе донистани  техникаву технологияи компютерӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Пешрафту тараққиёти технологияи муосир дар баробари садҳо манфиат, аз мушкилот низ холӣ нест. Яке аз чунин проблемаҳо ин тавсеа ёфтани киберҷиноят бо истифода аз технологияи компютерӣ мебошад, ки мубориза алайҳи он дар тамоми давлатҳо оғоз ёфтааст.

Ин ҷиноят аслан аз тарафи одамоне содир мешавад, ки онҳо техникаву технологияи муосирро ба дараҷаи хуб медонанд. Ин тоифаро дар кишварҳои Ғарб «хакер» ном мебаранд ва яке аз сабабҳои ба ин ҷиноят даст задан ба даст овардани фоидаи калони пулӣ мебошад.
Тибқи маълумот, то кунун хакерҳо почтаи электронии миллионҳо истифодабарандагони интернетро шикаста, мушаххасоти 4,9 миллион почтаи Gmail, қариб 4,5 миллион почтаи Mail.ru ва беш аз 1 миллион корбари Yandex - ро ба даст овардаанд. То ҳол маълум нест, ки дар паси ин ҳуҷумҳои хакерӣ кӣ меистад ва барои кӣ кор мекарданд ва кадом маълумот мушаххасан барои онҳо муҳим аст. Бино ба суханони кормандони илмии ширкати TrendMicro, ки яке аз фаъолтарин ширкати коркарди системаи муҳофиза аз таҳдидҳои ранга маҳсуб мегардад, бадхоҳон ҳуҷҷатҳо ва ҷадвали электронии рисолаи дипломатӣ, тадқиқоти сохторҳо ва якчанд ширкатҳоро меҷӯянд.
Нарт Вилнев ва Давид Санчо, муҳаққиқони Донишгоҳи Торонто, дар як маърӯзаи худ чунин гуфтаанд: «Ин ҳуҷум ба таври автоматӣ ва бе ягон санҷиш амалӣ мегардад, вале ин кори дасти дӯстдорон нест. Ин ҳуҷумҳои ҳадафнок аст ва бо воситаи барномаи зараровари ПО, ки барои истифодабаранда ноаён аст, ба компютер ворид мегардад ва ба бадхоҳ имкон медиҳад, ки ба маълумоти мушаххас дастрасӣ ёбад».
Барои мубориза бар зидди киберҷиноят мақомоти қудратиро зарур аст, ки кадрҳои соҳибтаҷриба ва дорои донишу малакаи баланди технологияи компютеридоштаро тайёр намоянд, зеро бе фаҳмиши комили технологияи компютерӣ мубориза бо ин зуҳурот номумкин аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз субъектони мубориза бар зидди киберҷиноят ба ҳисоб рафта, дар ин самт бо якчанд мамлакати дунё ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Сафархонзода АББОС, хонандаи синфи 11- и гимназияи хусусии «Кафолат»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 1010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед