logo

иқтисод

ДЕВАШТИЧ. КАНАЛИ «ДАҲКАТСОЙ – ДАҲАНАСОЙ» КАЙ СОХТА МЕШАВАД?

Дар доираи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Деваштич барои солҳои 2016 - 2020 бунёди беш аз 200 иншоот, аз ҷумла лоиҳаи барои соҳаи кишоварзии ноҳия муҳим - шабакаи обрасонии «Даҳкатсой - Даҳанасой» бо харҷи 64 миллион сомонӣ, тарҳрезӣ шудааст. Вале сохтмони ин канали обрасонӣ суст ҷараён дошта, то имрӯз ҳамагӣ ба маблағи наздики 10 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд. Масъалаи беҳбудӣ бахшидан ба бунёди хати обгузар соли сипаришуда аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ин диёр махсус таъкид гардида, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати вусъати корҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бино ба маълумоти Насриддин Комилзода, муовини раиси ноҳия, барои сохтмони шабакаи обтаъминкунии «Даҳкатсой - Даҳанасой» дар ноҳия аз тарафи ҶДММ «Нурафзо» ва ҶДММ «Архстрой» корҳои кофтани ҳавзи обҷамъкунӣ ва насби 13 лӯлаи обгузари қутрашон 2000 миллиметр ба дарозии 143 метр анҷом ёфт, ба масофаи 3 километр лӯлаи оҳанин хобонда шуда, дар маҷмӯъ, маблағи умумии корҳои иҷрогардида 8 миллиону 415 ҳазору 88 сомониро ташкил намуд.
Лоиҳаи иншооти мазкур ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ омода гардида, барои сохтмони он кӯшишҳои зиёд шуда бошад ҳам, мутаассифона, то ҳол сохтмони он ба таъхир афтодааст. Ба андешаи мутахассисон, сабаби асосӣ норасоии маблағ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хароҷоти барои ин сохтмон равонагардида дар муддати кӯтоҳ ҷуброн хоҳад шуд.  
Алҳол дар мавсими киштукор дастрасии кишоварзон ба оби полизӣ дар мадди аввал аст. Ҳарчанд баҳори имсол сербориш омад, таъмин намудани эҳтиёҷоти кишоварзони ноҳия, бахусус минтақаи поёнии ноҳия - Ғазантарак, қисман ҷамоатҳои деҳоти Муҷуну Яхтан ва шаҳраки Ғончӣ, ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар ноҳия аз ҷониби идораи беҳдошти замин ва обёрӣ - “Чашмасор” ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар семоҳаи аввал 628 ҳазор метри мукааб об дода шудааст, ки аз нақша кам мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Сулаймон Зиёзода, раиси ноҳия, зимни шиносоӣ аз рафти кишти картошка 26 майи соли ҷорӣ ба масъалаҳои самаранок истифода бурдани замин, рӯёндани ҳосили фаровон ва таъмини кишоварзон бо об таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Вобаста ба бунёди шабакаи обрасонии “Даҳкатсой – Даҳанасой” гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ аз тирамоҳи ҳамин сол идома меёбанд.
Тавре Камол Юсуфов, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, иброз дошт, манбаи асосии таъминоти оби заминҳои кишоварзии ноҳия маҳз обанбори “Даҳкатсой – Даҳанасой” буда, дар сурати амалӣ гардидани лоиҳаи сохтмон дар маҷрои ин хати обгузар, дар маҷмӯъ, беш аз 6 ҳазор гектар замини лалмӣ шодоб мегардад. Ҳамзамон, баробари равон шудани оби Даҳкатсой ба Даҳанасой масъалаи бо оби нӯшоӣ таъмин намудани аҳолии Даҳкат, Нуробод, Чағат, Муҷун, Панҷбоғ ва деҳаҳои дигари поёноби обанбори Даҳанасой ҳалли худро меёбад.
 Ғунҷоиши лоиҳавии обанбори мазкур 42 миллион метри мукааб буда, то имрӯз ягон маротиба чунин миқдор об захира нашудааст. Тайи се соли охир дар обанбори Даҳанасой солона ба ҳисоби миёна 8,2 миллион метри мукааб об ҷамъ мешавад. Ин миқдор об ҳамагӣ 32 дарсади талабот ба обро дар 3600 гектар замини обӣ қонеъ гардонда метавонаду халос.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2020    №: 110    Мутолиа карданд: 1015
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед