logo

иқтисод

ХАТЛОН. ИЛҲОМИ ТОЗА АЗ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВО

Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кишоварзони кишварро муваззаф карданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, аз ҷумла, майдони кишти картошка 40 дарсад ва кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладона, лӯбиё ва ҷуворимаккаи дон то 60 дарсад зиёд карда шавад.

Вобаста ба ин дар вилояти Хатлон, хусусан доир ба вусъати киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз ҷониби ҳама ташкилоту идораҳо чорабиниҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. 
Ғазалшо Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, гуфт, ки бо мақсади иҷрои саривақтии дастурҳои Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, оид ба истифодаи дурусти қитъаҳои замини назди ташкилоту идораҳо, манзилҳои зист ва хоҷагиҳои деҳқонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд.
Аз ҷумла, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз панҷ гектар замини  дарихтиёрдоштааш дар 3 гектар боғ бунёд карда,  ду гектари дигарро картошка ва пиёзу полизиҳо кишт намудааст. Дар байни қатори дарахтон низ зироатҳои кишоварзӣ кишт шудааст.
Дар замини назди бинои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ ба ҷуз дарахтҳои меваи гелос ва хурмою зардолу, шафтолу, олуболу, ангур помидор, қаланфур, лӯбиё, кашничу шибит ва занҷабил кишт гардидаанд.
- Ният дорем, ки ҳосили гирифтаро ба кормандон ройгон тақсим кунем. Аз ин ҳисоб онҳо аз маводи ғизоӣ таъмин карда мешаванд, – гуфт Асадулло Убайдуллоев, боғбони кумитаи иҷроияи ҳизбӣ. 
Баҳромшоҳ Акобиров, сокини ноҳияи Кӯшониён, чанд сол аст, ки дар замини наздиҳавлигии худ гулкарам ва картошка мекорад. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил ҷуворимаккаи дон, помидор, бодиринг ва дигар зироатҳои кишоварзӣ коштанист. Ба гуфтаи ӯ, агар ҳар  ваҷаби заминро  оқилона истифода барем, ниёз ба муҳоҷирати меҳнатӣ намемонад. Аҳли оилаи Баҳромшоҳ Акобиров чанд сол аст, ки ҳама каму кости зиндагиро аз ҳисоби истифодаи самараноки замин таъмин мекунанд.
Сокинони ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён ҳам иброз медоранд, ки ҳеҷ гоҳ онҳо аз бозор маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, лӯбӣ, нахӯд, помидор ва бодиринг намехаранд. Онҳо замини наздиҳавлигиро холӣ намегузоранд ва ҳатто дар 0,4 гектар картошка, лӯбӣ, помидор ва бодиринг кишт карда, худро бо маҳсулот таъмин менамоянд.
Амирбеки Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, гуфт, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи хатлонзамин ҳамасола майдони киштро зиёд намуда истодаанд.
- Онҳо то ин дам қариб дар 300 ҳазор гектар аз ҳама намуди зироатҳои кишоварзӣ кишт намуданд. Аз ин 128 ҳазору 142 гектар ғалладона, 113 ҳазору 498 гектар гандум, 3 ҳазору 548 гектар ҷуворимакка, 8 ҳазору 748 гектар ҷав мебошад. Барзгарони вилоят 117 ҳазору 652 гектар зироатҳои техникӣ коштанд, ки аз ин пахта 108 ҳазору 888 гектар, офтобпараст 707 ва зағер  4 ҳазору 751 гектарро ташкил медиҳад. Баробари ин, дар  9 ҳазору 556 гектар  полизиҳо ва 19 ҳазору 371 гектар сабзавот кишт шудааст.
Ҳамчунин,  кишти пиёз ба 10 ҳазору 440 гектар, сабзӣ 2 ҳазору 89 гектар, карам 922,  помидор  2 ҳазору  887, бодиринг 1 ҳазору 750, картошка ва зиротҳои дигар ба 5 ҳазору 438 гектар баробар гардидааст. Дурнамои кишти заминҳои наздиҳавлигӣ 307 ҳазору 944 гектар муайян шуда, кишти такрории зироатҳо 143 ҳазору 28 гектар дар назар аст, - гуфт ӯ.
Мутаассифона, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сокинон, кормандони ташкилоту идораҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба масъалаи вусъати кишти зироатҳо бепарвоӣ зоҳир менамоянд.
Сафарбек Шарифзода, муовини роҳбари ситоди вилоятӣ оид ба истифодаи пурсамари замин, гуфт, ки аз ҷумла дар ноҳияи Хуросон қисме аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, байни қаторҳои дарахтони боғҳо ва заминҳои назди масҷидҳо дуруст истифода намешаванд. Ҳол он ки ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят барои таъмини аҳолии худ заминҳои дарихтиёрдоштаашро бояд самаранок истифода намояд, то аз маҳсулоти воридотии кишоварзони минтақаҳои дигар вобаста набошад.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”,
Д. РАҲМОНАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2020    №: 111    Мутолиа карданд: 809
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед