сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИ ҶИНПИН
Нимаи дуюми рӯзи 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбати дӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси муҳтарам Си Ҷинпинро дар пешбурди бомуваффақияти муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои самараноки Тоҷикистону Чин ба таври хосса таъкид карданд.
Дар ин қарина ҷонибҳо баъзе ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, ҳамчунин, роҳҳои алоҳидаи рушду густариши онҳоро дар шароити имрӯзаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, аҳамияти идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамдастии ҷонибҳо, пешбурди фаъолонаи масъалаҳои калидии ҳамкории дуҷониба ва татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада, инчунин, пайдо намудани шаклҳои нави ҳамкориҳои ду кишвар ва тавсеаи онҳо дар арсаҳои мухталиф, бо шумули соҳаҳои тиб, дорусозӣ, технологияҳои нав ва навоварӣ, таъкид гардиданд.
Дар рафти суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар зимн, ба равандҳои ташвишовари афзоиш ёфтани зуҳуроти буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ чун натиҷаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус диққати махсус дода шуд. Тадбирҳои амалии аз ҷониби ду давлат андешидашаванда, ки ба мубориза бо COVID -19 ва паст кардани шиддати таъсири манфии пандемия ба низомҳои миллии иқтисод ва тандурустии ҷонибҳо нигаронда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Пешвои кишвари мо сипоси худро ба ҷониби Чин барои дастгирӣ ва расондани ёрӣ ба Тоҷикистон дар давраи пандемия иброз доштанд. Инчунин, ба изҳороти Сарвари Чин дар хусуси он ки ҷониби Чин ваксинаи коронавируси навро, ки ихтироъ хоҳад кард, ният дорад дастраси тамоми ҷаҳон гардонад, баҳои баланд дода шуд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби худ амалу қарорҳои роҳбарияти Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятӣ баланд арзёбӣ кард.
Сарони ду давлат қаноатмандии худро аз ҳамкории кишварҳояшон дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, қабл аз ҳама, дар доираи СММ, СҲШ ва МҲТБО (СВМДА), изҳор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори итминон карданд, ки муносибатҳои ду кишвар минбаъд низ идомаи мантиқӣ хоҳанд ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.06.2020 №: 112 Мутолиа карданд: 979