logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. МАШЪАЛАФРӮЗИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи матини мардуми Тоҷикистон рӯйи кор омад.
Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аҳамияти бағоят бузурги таърихӣ дошта, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварамон нақши муҳимро доро мебошад ва байни мардуми ҷумҳуриву арсаи байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гашт. Роҳбарону сиёсатмадорони давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон баҳои баланд дода, онро ҳамчун як иқдоми ҷиддӣ дар роҳи ба даст овардани сулҳу оромӣ ва ваҳдат на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаҳои даргири ҷаҳон арзёбӣ намуданд.  Мардуми кишвар ин санади таърихиро чун қадами нахустин ва калидӣ баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ меҳисобанд.
Баъди пароканда гардидани ҳокимияти шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гурӯҳбозӣ рӯй доданд, ки оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонданд. Зиндагии осоиштаи мардум халалдор гардид, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон диданд. Бисёр ҳамватанони мо бехонаву дар монданд,  ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятиму қариб як миллион нафар гуреза шуд…
Бо азму талоши Пешвои муаззами миллат тоҷикон боз мисли қатраҳо ба ҳам омаданд, ки дар ин хусус кишваршиноси рус Н. Павлов чунин мегӯяд: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷик ҳастем… Дар дунё кам миллате пайдо мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда бошад.  Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар ҷонсахттаранд.  Қадре фурсат кофӣ буд, ки онҳо дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд».
Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллии худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи татбиқи марому мақсадҳои миллат саъй кардан аст. Мусаллам аст, ки чунин эҳсосот бояд дар замири ҳар як сокини мамлакатамон, сарфи назар аз мансубияти мазҳабӣ, ҷой дошта бошад ва барои ташаккули ифтихори ватандории онҳо мусоидат намояд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳоро оид ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз, Соли оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»  қабул карда, пешниҳодҳои Сарвари муаззами кишвари моро ҷонибдорӣ намуд, ки ин барои дар арсаи байналмилалӣ баланд гардидани нуфузи давлати тоҷикон аҳамияти оламшумул дорад.
Мо, миллати сарбаланди тоҷик, таҳти роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати соҳибистиқлолро аз ҳамин меҳвари  худшиносӣ, яъне ваҳдат оғоз намудем ва бо ҳамин аҳду паймон ба сӯи фардо бо иродаи қавӣ, зӯр дар каф, аҳд дар дил, ақл дар  сар  гом мебардорем ва бо ҳамин пиндори созандаву оҳанги ваҳдати миллӣ барои насли  оянда  заминае фароҳам меорем, ки орӣ аз дурӯғу кина, найрангу тазвир ва худнамоиву бегонапарастӣ  бошад.

Хуршед МАҲМАДЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Сино,
Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2020    №: 113    Мутолиа карданд: 832
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед