logo

иқтисод

ПАХТА. РИОЯИ АГРОТЕХНИКАИ ПАРВАРИШ НОГУЗИР АСТ!

(Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, ки 30 майи соли 2020 баргузор гардид, супориш доданд: «Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳои мамлакатро зарур аст, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд».

Барои тараққиёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи пахтапарварӣ мақоми махсус дорад. Аҳамияти стратегии пахта дар он аст, ки бояд амнияти саноатии ҷумҳуриро таъмин созад. Пахтакорӣ ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мусоидат мекунад. Ҳукумати мамлакат инро ба хубӣ эҳсос намуда, оид ба вусъати корҳои селексионии пахта офаридани навъҳои нав ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор тадбирҳои муосир роҳандозӣ  мекунад.
Барои таъмини рушду нумӯи физиологии ниҳоли пахта тадбирҳои агротехникӣ - коркарди асосии хок, ҷӯяккашӣ, кишти босифати тухмӣ, зичии ниҳолҳо, обёрӣ, нуриандозӣ, сарчинкунӣ ва ғайра бояд сари вақт ва босифат гузаронда шаванд. Замин, пахта бояд аз нуриҳои маъданӣ ба таври кофӣ баҳравар бошад, зеро он зироатест ба нуриҳои маъданӣ серталаб ва давраи ғизогириаш дароз. Барои ҳамин, муайян кардан ва мувофиқи меъёри солона ба кор бурдани нуриҳои минералӣ дар пахтазор аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Мувофиқи таҳқиқоти олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ба ҳисоби миёна вобаста ба намуд ва ҳосилхезии хок сарфи ғизоҳои нитрогендор ба ҳар сентнер пахта 5 – 6, фосфордор 3,5 – 4, калийдор 2,5 - 3 килограммро ташкил медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз, хоҷагиҳои пахтакор метавонанд вобаста ба имкониятҳои мавҷуда, ҳосилнокии пахтаро 2 – 3 маротиба баланд бардоранд.
Ғизодиҳии пахтазор бояд ба таври дифференсионалӣ ( бо меъёрӣ пайвастаи кам) гузаронда, меъёри солонаи нуриҳои минералӣ риоя карда шавад. Миқдори солонаи нуриҳо барои рӯёндани ҳосили баланди 30 – 35 сентнер пахтаи миёнанах дар як гектар чунин аст: нитроген 150 – 250, фосфор 120 – 140, калий 60 кг, барои пахтаи маҳиннах нитроген 220 – 250, фосфор 140 – 150, калий на кам аз 60 – 80 кг. Нодуруст додани нуриҳои минералӣ, хусусан нитрогендор, барои рехтани гулу шона ва зиёдшавии касалию ҳашароти зараровар, аз ҷумла «ширинча» ва «трипс»-и пахта, мусоидат менамояд.
Мубориза ба муқобили касаливу зараррасонҳо ҳоло ба масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст ва, баъзан, боиси талафи  нисфи ҳосили пахта  мегардад. Аз ин рӯ,  дастаҷамъона ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани татбиқи  тадбирҳои кимиёӣ ва биологии мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо дар хоҷагиҳои пахтазор  ба мақсад мувофиқ аст.
Дар шароити аз ҳад зиёд гармшавии ҳаво, хусусан дар водии Вахш, моҳи июл гармсел мушоҳида мегардад. Дар натиҷа, раванди фотосинтез суст ва ҳатто қатъ гардида, ба кори физиологии ниҳоли пахта таъсири манфӣ мерасонад, ба сари вақт гардолуд нашудани гул ва рехтани гулу шона мусоидат менамояд, давраи вегетатсионии пахта тӯл кашида, шукуфтани ғӯзаҳо суст ва ҳосили пахта паст мешавад.
Барои пешгирии чунин ҳолат бо такя ба тавсияҳои илман асоснокшуда, яъне сари вақт гузарондани корҳои агротехникӣ, аз ҷумла додани нурӣ, обмонӣ, шамолрав намудани байни қаторҳои пахтазор ва эмин нигоҳ доштан аз касалию ҳашароти зараровар, метавонем 15- 20 рӯз пештар шукуфтани пахтаро тезонда, аз ҳар гектар 30 – 35 сентнер ҳосил рӯёнем.
Барои нашъунамои хуби пахта коркарди байни қаторҳо, чобуқи дастӣ, нест кардани алафҳои бегона ва ғизодиҳиро сари вақт анҷом додан низ аҳамияти махсус дорад. Ба пахтазор дар мавсим 4 – 9 маротиба об мондан тавсия дода мешавад. Меъёри сарфи об дар давраи парвариш ба ҳар гектар дар таркиби хоки вазнин 10000 – 11000, миёна 9000 – 10000, сабук 8000 – 9000 метри мукааб мебошад.   Таҷриба нишон медиҳад, ки дар сурати сари вақт сарчин кардан, дар ниҳолҳои пахта 2 - 3 кӯрак зиёд мегардад. Вазни пахтаи кӯрак  0,2 - 0,5 грамм афзуда, кӯракҳо 3 – 10 рӯз барвақттар мерасанд. Таҳқиқоти муассисаҳои илмӣ ва таҷрибаи кишоварзон собит сохтаанд, ки дар пахтаи миёнанах пайдо шудани 12 – 14 ва дар маҳиннах 16 – 18 навдаи ҳосилдеҳ вақти хубтарини  сарчинкунии пахта мебошад. 

Саидҷамол САИДЗОДА, ноиби президенти  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  узви вобастаи АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2020    №: 113    Мутолиа карданд: 949
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед