фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Нуралиев Ҷ. К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июни соли 2020, № 1558
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2020 №: 113 Мутолиа карданд: 1332