сиёсат
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ
20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ намуданд.
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Азимӣ Зафар Исмоил бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш», мутобиқи моддаи 15 қонуни мазкур пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи сараудиторони Палатаи ҳисоб озод намудани Аҳмадзода Файзалӣ, Салимзода Собир ва Давроншоҳиён Рамеш» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар асоси моддаҳои 13 ва 14 қонуни мазкур пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Аҳмадзода Файзалӣ», «Дар бораи ба вазифаи сараудиторони Палатаи ҳисоб таъйин намудани Раҳмонзода Зафар, Файзуллозода Холназар ва Ҳасанзода Аслиддин» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.06.2020 №: 114 Мутолиа карданд: 856