logo

сиёсат

РАМЗИ ВАҲДАТ Ё РОҲБАРЕ, КИ ЗАМИРАШ МОЛОМОЛИ ИШҚИ МИЛЛАТ АСТ

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон дилхоҳ кишвар фақат дар сурати фароҳам будани сулҳу ваҳдат тараққӣ менамояд. Ва мусалламан, вожаҳои сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осудагӣ, истиқлолият ва ватандорӣ барои ҳама халқу миллатҳо мафҳумҳои хеле арзишманд ё худ, муқаддас маҳсуб меёбанд, аз ҷумла барои миллати сулҳхоҳи мо.

Ҳарчанд Тоҷикистон як замон бо тавтеа ва кинатӯзии душманони хориҷию дохилӣ ба хоку хун кашида шуд, шукри Парвардигор, ки ба бахти баланди ин миллат шахсияти ғаюр ва дилсӯзе зимоми давлати дар ҳоли фурӯпоширо ба даст гирифт. Маҳз азхудгузаштанҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки оташи ҷанги таҳмилӣ дар як фурсати кӯтоҳе, ки таҳлилгарони арсаи сиёсат интизор надоштанд, хомӯш карда шуд. Роҳбари замираш моломоли ишқи миллат гуфта буд: “Ман ба шумо сулҳ меоварам ва дар ин роҳ, агар лозим шавад, ҷони    худро  дареғ намедорам!”. Саҳифаҳои таърихи миллат гувоҳанд, ки ӯ ба ваъда вафо кард ва зиёда аз ин, муҳаррики фалаҷгаштаи иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистонро дар масири рушд ба гунаи дилхоҳ ба ҳаракат даровард.
Манзурам, ҳама ободию хуррамие, ки ҳоло, хушбахтона, ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистони азиз назирашро дидан мумкин аст, аз фидокориҳои ин абармарди арсаи сиёсат, аз сулҳпарварию ватанхоҳии мардуми шарифи кишвар, аз самараи ваҳдати миллӣ маншаъ мегиранд. Ваҳдате, ки ба осонӣ ба даст наомадааст. Ваҳдате, ки баъди чандин музокирот ҳосил шудааст. Ваҳдате, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барои даст ёфтан ба он синаи худро дар муқобили бадхоҳони миллат сипар намудааст. Ваҳдате, ки метавон гуфт, бо меҳрубонии Худо ва хиради ин миллати сулҳхоҳ ҳамеша пойдору устувор боқӣ хоҳад монд.
Мо, ходимони дини вилояти Хатлон низ, ҳамеша аз минбари баланди Расули акрам (с) сари масъалаҳои марбут ба арзишҳои миллӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи давлатамон сухан ронда, хусусан ба ҷавонон, таъкид мекунем, ки соҳиби чунин мамлакати орому осуда ва Сарвари меҳрубон будан худ як нишонаи саодат аст. Чунки маҳз ҷавононро лозим аст, неруву қувваи бузурги хешро ба манфиати миллату давлат сарф намуда, ҳамзамон, худ дар оғӯши саршор аз меҳру муҳаббати Ватан зиндагии осоишта дошта бошанд.
Дар сураи ҳуҷуроти Қуръони муқаддас омадааст: ”Ҳамоно, муъминон бародари ҳамдигаранд; пас, сулҳ оваред байнашон”.
Ин мафҳуми зебову созанда дар сиёсати Пешвои муаззамамон бармало мушоҳида мегардад. Маҳз сулҳу ваҳдатхоҳӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки миллати тоҷик дубора аз сарсабзиву хуррамии ин мулки нозанин ба ҷаҳониён дарак дод.
Хуллас, санаи 27-уми июн як рӯзи таърихиест, ки аз талошу кӯшишҳои Пешвои миллат ва мардуми сарбаланди тоҷик дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш дарак медиҳад. Аз ин рӯ, мо, хурду калонро мебояд, ки ба қадри ҳар як зарра хоки ин Меҳани зебо расида, ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллиро гиромӣ дорем ва мулкамонро аз ҳама ихтилофҳои нодаркор чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Усмоналӣ НУРЗОДА,
муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2020    №: 114    Мутолиа карданд: 792
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед