барқияҳо
БАРҚИЯ БА НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ
19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Нурсултон Абишевич!
Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам.
Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳамаҷонибаи инҷонибро иброз намоям.
Сидқан ба Шумо шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некуаҳволӣ таманно дорам.
Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.06.2020 №: 114 Мутолиа карданд: 3714