ҳуқуқ
ДАСТИ ҚАЛБ. ДУЗДЕ, КИ ТАРКИ ОДАТ НАКАРД, БОЗ ЗИНДОНӢ ШУД
Мақоли ҳалқии «кӯзапуштро гӯр ислоҳ мекунад»-ро қариб ҳама медонем. Ва ба дурӯғ буданаш низ шубҳа надорем, чунки таҷрибаи зиндагӣ онро собит кардааст. Ин мақоли халқӣ ба кирдори Ҷовидон Сафаров, зодаи ноҳияи Восеъ, ки қаблан чор маротиба суд шуда, баъди ба озодӣ баромадан ба ҷойи ивази ислоҳ шудан боз даст ба ҷинояти дуздӣ задааст, хеле муносиб мебошад. Ӯ бори охир моҳи июли соли 2017 бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсӣ барои содир намудани ҷинояти дуздӣ ба муҳлати се сол равонаи зиндон гардида, 30 октябри соли 2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромадааст.
Чуноне мегӯянд, тарки одат амри маҳол. Ӯ баъд аз як ҳафтаи ба озодӣ баромадан такроран даст ба ҷиноят зад. Ин навбат суди ноҳияи Сино Ҷовидон Сафаровро барои кирдори ношоистааш ба муҳлати се сол пушти панҷара равон кард.
Тафтишот муайян намуд, ки ӯ 6 ноябри соли 2019 дар дили шаб бо мақсади дуздӣ ба мағозаи фурӯши «Молҳои рӯзгор» (ноҳияи Сино, кӯчаи А. Навоӣ, бинои 23/1), ки ба шаҳрванд Суҳроб Шарифов тааллуқ дорад, даромада, ба маблағи 137 сомонӣ маҳсулот дуздидааст.
Бо ин ҳам қаноат накарда, такроран 7 ноябр шабона ба мағозаи фурӯши лавозимоти варзишӣ, ки моликаш шаҳрванд Ғайрат Валиев мебошад, ворид гардида, 2 ададӣ «GlutaPure», «Gumbo» (ҳар ду хӯроки варзишӣ) ва 6775 сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Суд кирдорҳои судшавандаро бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а,в,г» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳоии молу мулки ғайр, бо аломатҳои такроран, бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба бино ё дигар амборхонаҳоро муқаррар мекунад, бандубаст карда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, ба муҳлати се сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт таъйин кард. Инчунин, судшаванда Ҷ. Сафаров вазифадор гашт, ки маблағи зарарро ҷуброн намояд.
Т. АМИРЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино,
М. БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.06.2020 №: 114 Мутолиа карданд: 1035