сафарҳо
САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ МОСКВА
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.2020 №: 115 Мутолиа карданд: 2070