ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
КОРРУПСИЯ
"ЗАМИНФУРӮШ" БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи Фарҳодҷон Маҳмудов, корманди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои кӯшиши заминфурӯшӣ ё содир намудани кирдори қаллобӣ паравандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, Ф. Маҳмудов ба ҳайси менеҷери КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар минтақаи Суғд фаъолият намуда, 11 апрели соли ҷорӣ аз шаҳрванд Д. Алаев барои аз ҳудуди заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлӣ 80000 сомонӣ талаб карда, аз ин миқдор 40000 сомониро гирифтааст.
Ҳоло тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) идома дорад.
30000 СОМОНӢ БАРОИ ОЗОД НАМУДАН АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Сардори Хадамоти тиббии қисми ҳарбии «Н»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Кенҷаева бо 30000 сомонӣ, ки ҳамчун пора аз шаҳрванд «А» гирифтааст, ба дасти маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия афтод.
Тавре сомонаи агентӣ хабар дод, номбурда ин миқдор маблағро моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд «А» барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани яке аз наздиконаш - шаҳрванд «Б» талаб карда, ҳангоми гирифтани он дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Г. Кенҷаева бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
ДУЗДӢ
БОЗДОШТИ МАРДЕ, КИ ТАКРОРАН БА ИН ҶУРМ ДАСТ ЗАД
Кормандони мақомоти милитсия марди 35 – солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони дуздӣ дар шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Тибқи гузориши сомонаи ВКД, гумонбар ҳанӯз 25 апрели соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ манзили истиқоматии як сокини пойтахтро, ки аз ӯ ҷавони 23-сола ном бурда мешавад ғорат кардааст. Боздошти ин нафар, ки аз манзили истиқоматӣ 8 ҳазор сомонӣ дуздидааст, дар пайи аризаи ҷабрдида ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино муяссар гардид.
Ин дар ҳолест, ки гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ қаблан низ бар асоси моддаи 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) суд шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.2020 №: 115 Мутолиа карданд: 1243