порлумон
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор гардид.
Зимни ҷаласа аъзои шӯро бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор кодексу қонунҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар бораи бозхонд ва интихоб намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 ва интихоби намояндаи Маҷлиси миллӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида матраҳ шуд.
Инчунин, дар маҷлис қарорҳои дахлдор «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020 – 2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи онҳо», «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатномаи раис, муовинон ва судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи он» ва «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатномаи хизматии хизматчиёни давлатӣ ва граждании Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи он» қабул гашт.
АМИТ «Ховар»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.06.2020 №: 118 Мутолиа карданд: 8437