logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҒОРАТИ ШАҲРВАНДОН
Заминфурӯшон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Амрулло Мирзоев ва Сино Юсупов, ки дар ҳамдастӣ бо дигарон аз шаҳрвандон бо ваъдаи ҷудо карда додани қитъаи замин маблағҳои калони пулӣ гирифтаанд, - хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, Амрулло Мирзоев, корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза» - и Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Сино Юсупов ва дигарон, моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Дилноза Муродова даромада, аз ӯ барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,07 гектар қитъаи замин, аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Ғ. Одинаев 203 000 сомонӣ талаб карда гирифтаанд. Онҳо ғайр аз ин, бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрванд А. Гулов ба маблағи 44 000 сомонӣ ва ба А. Назруллоев ба миқдори 366 925 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонданд.
Манбаъ хабар медиҳад, ки ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. Мирзоев ва С. Юсупов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон)  мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

МАСТӢ
Сокини Хуҷанд ба синаи фарзандаш ханҷар зад
Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 59-сола ном мебарад, ҳангоми мастӣ ба синаи писари худ корд задааст.
Бино ба иттилои ВКД, ҳоло ин мард аз сӯи кормандони мақомоти милитсия бо гумони расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда, писари 34-солааш бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ҳодиса нимаи дуюми 26 июн дар манзили истиқоматии гумонбар ва дар пайи истеъмоли машруботи спиртӣ ба амал омадааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ менамояд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 1262
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед