logo

иқтисод

ВАҚТЕ ҶОМЕА СОЛИМ АСТ...

Тоҷикистон тавассути қонунҳои амалкунанда, хусусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли  дорои сифати хуб ва барои ҳаёту саломатӣ бехатар кафолат дода, сокинонро аз хариди ашёи  пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳифз мекунад.
Ҳифзи солимии ҷомеа ва таъмини бехатарии онҳо аз истифодаи маводи истеъмолии зиёновар ба зиммаи сохтору ниҳодҳои гуногуни давлатӣ вогузор карда шудааст. Таъмини ҳамешагии мардум бо маҳсулоти босифати озуқаворӣ, пешгирӣ аз воридоту истеҳсоли маҳсулоти зиёновар яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Олимҷон Забирзода, мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи кумита, иброз дошт, ки ҳоло ҷиҳати зери назорати қатъӣ қарор додани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории COVID - 19 ва таъмини чорабиниҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ ситоди махсуси пешгирии паҳншавии коронавирус таъсис ёфта, барои фаъолияти босамари кормандони тамоми сохторҳои кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан раёсати кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, нақшаи тадбирҳо таҳия ва роҳандозӣ шудааст.
Имрӯз тамоми молу маҳсулоте, ки аз хориҷи кишвар ворид  мешаванд, ҳангоми воридот аз ҷониби  раёсати кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт таҳти санҷиш ва назорат қарор мегиранд. Танҳо пас аз муайян гардидани бехатарии маҳсулот ба ворид намудани он иҷозат дода мешавад. Инчунин,  дар тамоми бозорҳои истеъмолии кишвар марказҳои бехатарии озуқавории кумита фаъолият мекунанд ва пеш аз фурӯши  ҳама намуди маҳсулоти ғизоӣ бо мақсади таъмини бехатарии харидорон аз санҷиши доимӣ гузаронда мешаванд.
Гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани маданияти харидуфурӯш ва маърифати истеъмолии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои ҳамарӯзаи кормандони кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷониби кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ  барои риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва  баланд бардоштани маданияти харидуфурӯш дар ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО - и кишвар, махсусан шабакаҳои телевизионию радио, ролику барнома, гузоришҳои хабарӣ ва мақолаҳо омода ва ба аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд.
Хушбахтона, бо муттаҳидии аҳ-ли ҷомеа дар асоси роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло шиддати бемории сироятии COVID-19 дар кишвар коҳиш ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, сокинони мамлакат бояд аз эҳтиёт ва риояи тавсияҳои табибон кор бигиранд. Барои паси сар намудани ин ҳолат саҳми ҳар як шаҳрванд басо муҳим аст. Ҳар як  истеъмолкунанда бояд ҳангоми харидани молу маҳсулот ба санаи истеҳсол, ҳолати нигоҳдориву намуди зоҳирии он таваҷҷуҳ намояд. Ҳамчунин, тибқи гуфтаи мутахассисон ва табибон, нахуст ба гигиенаи тозагӣ риоя намуда, хонаву ҳавлӣ ва маҳалли худро тозаву озода нигоҳ доштан низ ҳатмист.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 637
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед