logo

иқтисод

НАМОИ ШАҲРАК ДАР КӮҲИСТОН.БАРДОШТ АЗ ВАНҶИ ПУРГАНҶ

Ҳар гоҳе ки дар хусуси ягонагии халқ, аз ҷумла  мардуми тоҷик, маводе таҳия менамоем, чунин мисраъҳо аз китоби устоди зиндаёд Муъмин Қаноат «Исми ман Тоҷикистон» ба хотир меоянд:
Ту ваҳдат  аз дили  бекина омӯз,
Намуди ростӣ з - ойина омӯз.
Нигаҳдории ойини  ҳақиқат,
Зи бишкан - бишкани порина омӯз. Ин гуфтаҳо  ба дурустӣ, ки ҳаққанду рост. Зеро дар  солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  басе хуни ноҳақ рехт, шаҳру деҳот вайрону валангор шуданд. Иқтисодиёти кишвар зарари калон дид. Хушбахтона,  бо ташаббусҳо,  матонат, далерӣ ва шуҷоати қавии шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муттаҳидии комил расидем.  Халқи тамаддунофари  тоҷик  ба ободӣ ва шукуфоии кишвар оғоз намуд.
Ҳоло бо дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои  муаззами миллат Ванҷи пурганҷ ҳам ба мисли дигар шаҳру навоҳии Бадахшон хеле ободу зебо гардидааст. Дар айёми сулҳу осоиш иншооти саноатӣ ва самти иҷтимоӣ, корхонаҳои хурду миёна, марказҳои савдо ва хизматрасонии зиёде  сохта шуданд, ки  қиёсашон аз замин то осмон асту ободгариву созандагиҳо  босуръат идома доранд.
Дар канори рӯдхонаи Ванҷоб Неругоҳи барқи обии «Ванҷ- 2», дар дарёчаҳо неругоҳҳои хурди  «Андарбак», «Техарв», «Пои Мазор», «Пшихарв» ва «Ғӯмаяк» бунёд гаштанд. Аз Дарвозу Рӯшон ба шаҳраки Рохарв ва Ҷамоати деҳоти Язгулом хати баландшиддати барқ кашида шуд. Дар ҳаққи ҷавонон ғамхорӣ карда,  варзишгоҳ ва  толорҳои варзишии «Вастан»  ва «Нориён» сохтанд, ки ҳоло макони машқу тамрини ҷавонону наврасонанд. Омӯзгори куҳансол Хушвақт Искандаров ёдовар мешавад, ки солҳои сиюму чилуми қарни гузашта аз ҷониби ҷамъияти матлубот кашонда овардани чанд дона мизу курсии талабагӣ,  тахтаи синфӣ ва бастаҳои китоби дарсӣ пешрафти намоёне ба ҳисоб мерафт. Ҳоло бо файзу баракати истиқлолияту ваҳдат дар деҳкадаҳои Сумгад, Ванвану Пои Мазор ва Жамагу Зайч низ хонандагон   бо компютер ва дигар технологияи  ҳозиразамони таълимии информатикӣ таъминанд.
Мардуми Ванҷ аз он басе шоду мамнунанд, ки Пешвои  муаззами миллат, ин шахсияти нотакрори арсаи байналхалқӣ   Тоҷикистони азизро аз гирдоби фалокатбори муноқишаҳои шаҳрвандӣ наҷот бахшида, ба як мамлакати шукуфони  биҳиштосо табдил доданд.
Аз вусъати баланди амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ  раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим  изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки дар Ванҷи пурганҷ даҳҳо иншоот ва манзили зист сохта шудаанд. Ба кор даромадани корхонаи хиштбарорӣ ва ба роҳ мондани истихроҷи саноатии санги мармари сафед дар мавзеъҳои Лангар ва Лугади деҳоти  Вотхуд, сехи истеҳсоли  равғани чормағз ва ангат дар деҳаи Ғуҷовасти деҳоти Рованд, корхонаҳои  истеҳсоли  асфалт, дару тирезаҳои пластикӣ, хиштҳои бетонӣ,  коркарди чӯбу тахта дар маркази ноҳия ва маҳалҳо  ва боз бунёди чандин марказҳои хизматрасонӣ аз дастовардҳои айёми ваҳдати миллӣ мебошанд.
Дар кӯтоҳтарин фурсат дар  маркази ноҳия  аз ҷониби  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди панҷ иншооти муҳташам - бинои сеошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, кохи дуошёнаи фарҳанг, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, бинои шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мумфаршу чароғон ва гулбасар гардондани роҳу кӯчаҳо ва майдонҳои марказӣ далели дастовардҳои солҳои охиранд. Имрӯзҳо ободгариҳо вусъат ёфта, дар Ванҷ қариб 80 иншооти нав бунёд мешавад. Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои сохтмонӣ дар иншооти самти иҷтимоӣ, кӯдакистони сеошёна, маркази хизматрасонии дорои кошонаи ҳусн, сехҳои дӯзандагӣ ва пойафзолтаъмиркуниву суратгирхона, ҳаммом, иморати шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ, бинои Ҷамоати деҳоти Язгулом босуръат идома доранд.
Сохтмончиён баҳри он мекӯшанд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ба ҷо оварда, иншооти  зебо ва мустаҳкам бино созанд, то ки садсолаҳо ба мардуми диёр хизмат  намоянд. Ободгарӣ ва бунёдкориҳое, ки бо дастгириҳои Роҳбари давлат ба ҷо оварда мешаванд, Ванҷи пурганҷ, сарзамини зебо ва пурасрорро ба мавзеи тиллоии  Тоҷикистон бештар мубаддал  мегардонанд.
                                         
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед