иқтисод
ДАНҒАРА. ФАБРИКАИ БУЗУРГТАРИНИ ПАРАНДАПАРВАРӢ БУНЁД МЕЁБАД
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2019 дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ оғоз гардида, ҳоло бунёди он аз тарафи ширкати «Мармарӣ» бомаром идома дорад.
Тавре роҳбари ширкати сохтмонии «Мармарӣ»- паймонкори асосии ин комплекси муҳташами парандапарварӣ Ҷаҳонгир Раззоқов ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, мувофиқи лоиҳа, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона - ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад. Ҳоло сохтмони 12 мурғхона ҷараён дорад.
Тибқи нақша, самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли гӯшти парандаи зотӣ (Бройлер) мебошад. Ин мурғҳои гӯштӣ дар 45 рӯз то 2,5 кило вазн мегиранд. Гӯшти онҳо парҳезӣ ва дар бозорҳои истеъмолии кишвар назар ба гӯшти чорвои дигар 2 баробар арзон мебошад. Баъди ба фаъолият оғоз намудани корхона (соли 2021 дар назар аст) дар ҳар мурғхона 38 ҳазор сар мурғ, дар маҷмӯъ, дар 24 бино дар ду даври истеҳсолӣ, ки як даври он 45 рӯзро ташкил медиҳад, 450 ҳазор сар мурғ ва дар як сол, яъне дар 6,5 даври истеҳсолӣ 2,8 миллион сар паранда парвариш ёфта, зиёда аз 5140 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол ва ҳамчун ғизои солим бо нархи арзон ба аҳолии кишвар пешкаш мешавад.
Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара (29 майи соли ҷорӣ) бори дигар хотиррасон карданд, ки дар сурати ба фаъолият шурӯъ кардани ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар мавзеи Себистон истеҳсоли гӯшти паранда ба беш аз 5 ҳазор тонна расонда, воридоти гӯшти паранда аз хориҷи кишвар якбора 40 фоиз коҳиш меёбад. Бо мақсади таъмини корхонаҳои парандапарварӣ бо чӯҷаву тухмҳои инкубаторӣ бояд дар кишвар шумораи корхонаҳои зотпарварӣ зиёд карда, ҳаҷми воридоти тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаҳои зотӣ марҳила ба марҳила коҳиш дода шавад. Тибқи иттилоъ, баъди ба истифода додани комплекси парандапарварӣ дар навбати аввал тухми инкубатсионӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Баъдан, тибқи нақша, корхона баҳри паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва аз байн бурдани вобастагӣ аз воридоти он аз хориҷи кишвар истеҳсоли тухми инкубаториро дар дохили корхона ба роҳ мемонад. Мутобиқи лоиҳа, обе, ки пас аз забҳи мурғ боқӣ мемонад, тавассути таҷҳизоти махсуси тозакунӣ коркард ва барои шустушӯи мурғхонаҳо, инчунин, обёрии заминҳои назди корхона истифода бурда мешавад.
Ҳамчунин, дар ин корхона дар оянда коркарди пурраи гӯшти паранда ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногун дар назар аст. Ҳамаи техникаҳо, хатҳои истеҳсолӣ ва технологияи корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд.
Тибқи лоиҳа, дар дохили корхона 2 сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр бо ғунҷоиши 1 ҳазору 200 тонна гӯшт сохта мешавад. Маҷмааи парандапарварӣ аз 30 иншоот, аз ҷумла биноҳои мурғхонаҳо, инкубаторӣ, анбор, санитарӣ, маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт. Бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат бо гӯшти болаззати парҳезӣ дар шаҳри Душанбе бунёди бинои салоҳхонаи фабрика барои забҳи паранда ба нақша гирифта шудааст.
Дар заминаи талошу заҳматҳои бунёдгароёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинокорон низ мақсад гузоштаанд, ки ин корхонаи азимро то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истифода диҳанд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.07.2020 №: 120 Мутолиа карданд: 904