сиёсат
ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ.ХУСУСИЯТҲО ВА ДУРНАМОИ РУШД
Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити муосир унсури муҳими дилхоҳ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсону шаҳрванд нақши босазо дорад. Бинобар ин, мавзӯе, ки мехоҳем матраҳ созем, масъалаи таҷрибаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ва дурнамои рушди он дар Тоҷикистон мебошад.
Муносибати давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, умуман мураккаб, серпаҳлу ва гуногунҷабҳа буда, дар баъзе мавридҳо, ҳатто дорои хусусияти пуртазод низ ҳастанд. Дар маҷмӯъ, ҳамкорӣ миёни давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандони тамоми кишвар мебошад, ки бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад.
Дар санади олии ҳуқуқии давлат - Конститутсия мавҷудияти аркони асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ равшану возеҳ дарҷ гардидааст. Унсури аввалин ва умдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ - дастрасии халқ ба ҳокимияти давлатӣ мебошад. Моддаи 6-и Конститутсия халқи Тоҷикистонро соҳибихтиёр ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, таҳкурсии ҷомеаи озоди худрушдкунандаро дар шаклгирии ҳокимияти давлатӣ гузоштааст. Рукни дуюми ҷомеаи шаҳрвандӣ - инсони озод ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд аст, ки моддаи 5-и Конститутсия ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, дар моддаи 14 мақсаду мазмуни қонунҳо ва фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон инъикос гардидааст. Ва ниҳоят, рукни сеюми ҷомеаи шаҳрвандӣ гуногунандешии сиёсӣ ва таъмини фазои озоди мафкуравӣ мебошад, ки дар моддаи 8 инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ баён шудааст.
Бешак, раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он, асосан, ба давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид суханоне доранд, ки чунин аст: «Ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад».
Бояд гуфт, ки масъалаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста дар зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, ҳанӯз соли 2002 зимни суханронияшон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳои марбут ба мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро ба таври мукаммал тавзеҳ доданд:
«Ҷомеаи шаҳрвандӣ - ин иттиҳоди фардҳои соҳибистиқлолу озодандеш мебошад, ки ҳуқуқҳои муайян доранд ва ин ҳуқуқҳояшонро ҳифз карда метавонанд. Шартҳои мавҷудияти ин ҷомеа чандон зиёд нестанд: якум, моликияти хусусӣ, ҳамчун кафолати амалӣ гардидани озодии иқтисодӣ ва, умуман, ҳамчун асоси озодӣ ва мустақилияти инсон; дуюм, демократияи сиёсӣ, ҳамчун амали татбиқи озодии сиёсӣ; сеюм, навъи муайяни маданият, ки онро баъзан маданияти демократӣ ҳам меноманд ва он дар заминаи эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои на танҳо худ, балки дигар одамон низ ба вуҷуд меояд; чаҳорум, оромӣ ва субот дар ҷомеа ҳамчун асоси татбиқи ҳамаи шарт ва омилҳои дигар».
Созмон додани Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози саҳифаи тозае дар роҳи ба вуҷуд овардан ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Меҳвари фаъолияти серпаҳлуи Шӯрои ҷамъиятиро, пеш аз ҳама, намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Муҳимтарин хусусиятҳои миллии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
Дар кишварҳои ҷаҳони муосир фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро Конститусия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба ғайр аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Конститутсия, қонунҳо «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва ғайра), бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти алоҳидае бо номи Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шудааст, ки ҳадафи он ташаккули ҷомеаи одилона ва озодии шаҳрвандӣ дар кишвар ва мусоидат ба таҳкими истиқлолият, рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Хусусияти хоси дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар аз он иборат аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар ҷумҳурӣ” аз 1 декабри соли 1999, № 2 дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, айни замон бомуваффақият фаъолият доранд. Ин фармон санади муҳими ҳуқуқие мебошад, ки фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятиро дар сатҳи маҳалҳо ба танзим медарорад.
Бо пешниҳоди ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа ба рӯзномаи ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ворид гардида, онҳоро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа, ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо ирсол мегарданд. Аз ҷумла, дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” то имрӯз дар шаҳри Душанбе ва як қатор шаҳру ноҳияҳо вобаста ба рушди саноатикунонии минтақаҳо бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ҷаласаҳо баргузор гардида, самтҳои рушди онҳо нишон дода шудааст.
Падидаи наве, ки солҳои охир дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ намуд, мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, мебошад. Бо ин мақсад, дар сохтори Шӯрои ҷамъиятӣ комиссияи босалоҳият аз ҳисоби аъзои шӯро таъсис ёфтааст. Комиссияи мазкур вазъи иҷрои дастуру супоришҳоеро, ки аз паёмҳои Сарвари давлат бармеоянд, таҳлил менамояд ва пешниҳодҳои мушаххасро ба Президенти кишвар манзур месозад. Дар баробари ин, тарғиби ҳамаҷонибаи моҳият ва аҳамияти ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” аз ҷониби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шуд. Мавзӯи “Нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол” дар рӯзномаи Шӯрои ҷамъиятӣ яке аз корҳои доимӣ ба ҳисоб рафта, дар мавридҳои зарурӣ бо ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ ва давлатӣ гузоришҳо таҳия мекунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари ниҳодҳои давлатӣ дар раванди амалисозии чор ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар иштирок ва саҳм мегузоранд. Тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини амнияти давлатӣ, ташвиқи ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, бахусус, дар байни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ мебошад ва дар ин самт корҳои зиёде анҷом ёфтанд.
Ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии экстремизм ва терроризм ва эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракату равияҳои тундраву бегона аз ҷумлаи корҳои муҳими Шӯрои ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин замина, ниҳоди мо ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат, гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар кишвар як силсила корҳои муайянро ба анҷом расондааст. Дар заминаи мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии тоҷикон, хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ семинару мизҳои мудаввар баргузор менамояд. Инчунин, масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисосу ҳунарҳои нав, рушди соҳибкории хурду миёна, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври мунтазам дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва муҳтавои ҷаласаҳо, маърӯзаҳои коршиносон дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп мерасад.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи кишвар барои бунёду ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ асосҳои ҳуқуқӣ, таҳкурсии мустаҳкаму устувор гузошта шудааст ва дар айни замон ниҳодҳои он дар ҳолати рушду инкишоф қарор доранд.
Н. САИДОВ,
котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2020 №: 121 Мутолиа карданд: 883