logo

маориф

МАОРИФ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат  Ширин Исматуллозода дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар ширкат намуданд.
Чуноне ки ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд, дар ҷаласа вобаста ба вазъи раванди қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои буҷетӣ, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва густариши ҳамкориҳо бо дигар давлатҳо гузориши директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Исматулло Шодиён шунида шуд. Маълум гардид, ки дар соли хониши 2020 - 2021 ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз ҷониби Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Венгрия, Руминия, Беларус, Қазоқистон, Украина, Туркия ва Австрия барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин, гузоришҳои муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён вобаста ба баргардондани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олие, ки ба ҷои кор ҳозир нашуданд ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат  Илҳом Камолзода гузориш оид ба масъалаи густариш додани муносибатҳои байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва ҳамкории густурдаи онҳо бо намояндагиҳои дипломативу консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ба музокира баромада, фикру андеша ва пешниҳодоти худро иброз доштанд. Вобаста ба таҷдиди назар намудани тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар, назорати раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, баъд аз таҳсил баргардондан ва бо ҷои кор таъмин намудани донишҷӯёне, ки дар асоси бурсияҳо таҳсил намудаанд ибрози назар карда шуд.

М. ТАБАРӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2020    №: 121    Мутолиа карданд: 2082
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед