сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
2 июл суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар ибтидо Сарвари давлат Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ вобаста ба Конститутсияи Федератсияи Россия ворид намудани тағйирот сидқан табрик намуда, таъкид карданд, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Россия пеша кардааст.
Зикр гардид, ки ба конститутсия тағйирот ворид намудан ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Россия хизмат хоҳанд кард. Дар ин зимн, Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Россия сулҳу амонӣ, некуаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.07.2020 №: 122 Мутолиа карданд: 883